Даъвати Бонки миллӣ аз муштариён: Ба телефони боварӣ занг занед...
Бонки миллии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват кардааст, дар сурати сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ ба телефони боварӣ занг бизананд.
Ин ниҳоди молӣ бо нашри як иттилоия дар торнамои расмияш гуфта, муштариён ҳангоми ба миён омадани нофаҳмӣ, дучор омадан бо муомилаи сарди кормандони бахши низоми бонкӣ ё сар задани норасоӣ аз тарафи бахши низоми бонкӣ ба Шӯъбаи сиёсати қурби асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллӣ (бо шумораи 600-15-20, 600-31-90 ва Шӯъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ (620-05-39, 600-28-63) муроҷиат намоянд: “Аз ҷониби кормандони масъули Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳалли мусбии масъалаҳои бамиёномада чораҳои фаврӣ андешида мешаванд”.
Ин даъвати Бонки миллӣ дар ҳолест, ки дар пайи баланд шудани қурбӣ доллар дар нисбати сомонӣ дар саррофиҳои кишвар, ин ниҳод эълон кард, тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешаванд. Дар пайи ин дастур кормандони Бонки миллӣ бо Оҷонсии зидди коррупсия санҷишҳои муштарак анҷом дода, эълон карданд, даҳҳо сарроф барои риоят накардани муқаррарот муҷозот шудааст.
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар 124 ташкилоти қарзӣ, бо шумули 17 бонк, як ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 106 ташкилоти маблағгузории хурд, 39 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 31 ташкилоти қарзии хурд, 36 фонди қарзии хурд, 432 филиал, 1 233 марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва 1 802 нуқтаҳои интиқоли пул мавҷуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |