Дастури Убайдуллоев ҷиҳати таҳкими тадобири амниятӣ дар пойтахт
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки фаъолияти камераҳои мушоҳидавӣ дар пойтахт ва истифодаи дастгоҳҳои ташхискунандаи асбобҳои металӣ дар тамоми нуқтаҳои сернуфузи хизматрасонии аҳолӣ зери назорати қатъии мақомоти марбута қарор дода шавад. Ин дастури оқои Убайдуллоев дар ҷаласаи кории шаҳрдорӣ, ки душанбеи 7 декабр баргузор шуд, садо додааст.
Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе ба “Озодагон” гуфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев далели ин тасмимро таҳкими тадбирҳои амниятӣ ва таъмини риояи тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр гуфтааст. Манбаъ мегӯяд, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев “ҳолати иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе “Оид ба танзими фаъолият ва истифодабарии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе” ва тибқи хулосаи комиссияи босалоҳият бартарафсозии як идда иншооти ғайриқонунии ба талаботи меъморию сохтмонӣ ҷавобгӯнабуда ва дар заминаи иншооти ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташкил намудани ҳунарҳои мардумӣ, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷойгиронии нозирони минтақавии милиса ва амният, хадамоти шабакаҳои гармидиҳӣ, оташнишонӣ ва марказҳои омӯзиши технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ, муассисаҳои варзишӣ, фарҳангию фароғатӣ, маорифу тандурустӣ роҳандозӣ мешавад, мавриди баррасӣ қарор дод”.
Шаҳрдори Душанбе дар идома аз фаъолияти комиссияҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии шаҳраку маҳаллаҳо ҷиҳати риояи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нигаронӣ намуда, супориш додааст, “назорат алайҳи қонуншиканиҳои ҷойдошта дар тамоми сатҳҳо пурзӯр гардида, кирдорҳои қонунпоймолкунӣ зимни баргузории маъракаҳои марбут ба расму ойин тавассути Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт” бе муросокорӣ ба ҳукми аҳли ҷамоатчигӣ пешниҳод карда шавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |