Садамаҳои рӯзи якшанбе ҷони ду ноболиғро гирифтааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати ду ноболиғ дар ҷоддаҳои кишвар рӯзи гузашта (6 декабр) хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Варзоб, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷиликул ба самти шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Рӯмӣ, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, пиёдагарди ноболиғ, духтарчаи 10-сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Ҷ.Рӯмиро пахш намудааст: “Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
ВУД мегӯяд, дар ин рӯз ҳамчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, марди 29-солаи сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Ҷангалак идораи автомашинаро аз даст дода, ба сабукрави “ВАЗ-21099”, таҳти идораи ронанда, марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бархӯрдааст: “Баъдан автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” пиёдагарди ноболиғ, писарбачаи 6-сола, хонандаи синфи якуми мактаби таҳсилоти умумӣ, сокини ноҳияи Варзобро пахш намуда, сипас ба автомашинаи тамғаи “Камаз”, таҳти идораи ронанда, марди 35-солаи сокини шаҳри Истаравшан,бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи ин садама писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |