Подберезкин: Эҳтимоли пайдоиши ДИИШ дар Тоҷикистон хеле қавӣ аст (ВИДЕО)
Алексей Подберезкин, раиси маркази таҳқиқотии низомӣ-сиёсии Донишгоҳи равобити байналмилалии Маскав ҳузури гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар Тоҷикистонро имконпазир хондааст.
Ба гуфтаи Поберезкин, Афғонистон танҳо ба ҳайси ҷойи убур барои ДИИШ мебошад ва онҳо метавонанд бахшҳои худро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ташкил кунанд: “Ҳузури ДИИШ дар Афғонистон на як падида, балки қоида аст. Он метавонад ба зудӣ дар дигар кишварҳо нуфуз пайдо кунад. Эҳтимоли пайдоиши ДИИШ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хеле қавӣ аст. Ман фикр мекунам, ки онҷо алакай урдуи мағзшӯ вуҷуд дорад”.
Гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” ё ДИИШ даъвои роҳандозии хилофати исломӣ дар саросари ҷаҳонро дорад. Ин гуруҳ, ки ба гуфтаи руҳониёни саршинос ва исломшиносони барҷаста ҳеч рабте ба дини Ислом надоранд, эълон кард, Абубакр ал-Бағдодиро халифа эълон кардааст. Ахиран аз ҳузури ҷангиёни ДИИШ дар Афғонистони бо Тоҷикистон ҳамҷавор низ гузоришҳо мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |