Дар остонаи Соли нав. Мусодираи 5000 “хлопушка” аз марди 51-сола
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 51-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ё “хлопушка” дастгир шудааст: “Аз номбурда ба миқдори 5000 дона маводҳои тарфгарӣ гирифта шуда, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Дар соли ҷорӣ ин хабари аввал дар мавриди дарёфти маводи тарфгарӣ нест. Ниммаи дувуми моҳи ноябр Вазорати умури дохилӣ гуфт, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 39-сола, сокини шаҳри Душанбе бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир шуда, аз ӯ 72 ҳазор дона “хлопушка” дарёфт ва мусодира гардид.
Дар Тоҷикистон барои таъмини амнияту оромӣ зимни таҷлили Соли нав вуруд ва паҳни маводи тарфгарӣ манъ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |