Бахшҳо

Ташкилоти “Гули сурх”: Занони гирифтори СПИД бештар шудаанд (ВИДЕО)

Давоми соли ҷорӣ 2 ҳазору 300 зан ба бемории ВИЧ/СПИД ё худ ВНМО гирифтор шудаанд, ки ба гуфтаи мутахассисон аксари онҳо аз шавҳарони муҳоҷири худ сироят ёфтаанд.

Севара Комилова, роҳбари ташкилоти “Гули сурх” дирӯз, 4 декабр дар конфронси бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВИЧ/СПИД теъдоди занони ҳомилаи гирифтори ВНМО-ро бештар аз 200 нафар гуфт. Ба иттилои ӯ, 5 тан аз занони зиндонӣ дар маҳбаси шаҳри Норак ҳам мубталои ВИЧ/СПИД мебошанд.

Баргузоркунандагони ин конфронс аз афзоиши мутталоҳои ВИЧ/СПИД миёни занони бекор нигаронӣ карданд. Севара Комилова мегӯяд, “мо ният дорем санадеро бо ҳафади коҳиш додани мушкилоти занон омода намуда ба Кумитаи занон пешниҳод кунем то ин ки занони бекор бо ҷои кор таъмин гарданд.”

Таҳмина Ҳайдарова, роҳбари созмони ҷамъиятии “Шабакаи Тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” мегӯяд, ҷомеаи мо барои қабули занони мубталои бемории СПИД омода нест: “Вақте мебинанд, ки як зан ба бемории ВНМО гирифтор аст, фикр мекунанд шояд ӯ аз роҳи фоҳишагӣ ба ин чиз расидааст, вале чунин нест. Аз ин рӯ, онҳо наметавонанд бемории худро ифшо кунанд. Дар ин ҳолат, ҳатто, наздиконашон онҳоро қабул намекунанд. Ҳаст ҳолатҳое, ки ин беморӣ ба зан аз шавҳари муҳоҷираш мегузарад.”

Ҳалима Зокирова, мутахассис ва равоншиноси Маркази ВНМО-и ноҳияи Ҳисор мегӯяд, дар ин ноҳия 234 нафар гирифтори ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 156 нафар мард ва 78 тани дигар занон мебошанд: “Нашъамандони тазриқӣ 64 нафар, бо роҳи алоқаи ҷинсӣ 123 нафар, бо сабабҳои номаълум 39 нафар, аз модар ба кӯдак 8 нафар ба қайд гирифта шудааст”.

Ӣа гуфтаи ӯ, аз соли 2008 то имрӯз дар ин марказ 53 нафар аз бемории ВНМО фавтида ва дар соли равон 43 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст: "Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҳисор 22 нафар зан аз шавҳарони муҳоҷири худ гирифтори СПИД шудаанд, ки аксари онҳо соҳиби 3-4 фарзанд мебошанд”.




Дар акс Севара Комилова
Мӯҳр
Окибати зиди дин хаминаст Хамчинсгарои ВИЧ холо боз чанд касали дигар

Бо конун бароед, ки мухочирон баъди баргаштан ба ватан аввал аз ташхис гузаранд баъд ба хонохошон раванд.Шумо дар ин хел корхо зур ку

Вой бар холи мо борин давлатхои камбагал , ки аз хар тараф зарар мебинем!

Сабаби асоси ин касали дар занхо мардхои номард мебошанд.

хусрав
э халк шумо бфахмен ки дар маркази чумхуриявии СПИД як одамои бесавод шишта рохбари карда истодаанд кудакони бечора гирифтори ин сироят шуда истодаанд ягон чора надида истодаанд. Илтимосс озодагон дар бораи ами мавзуъ бисёртар нависен то ки одамон дар бораи ин сироят бисёртар фахманд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)