Бунёди бозори Тем бо харҷи 300 ҳазор евро
Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дирӯз, 4 декабр бозори наздисарҳадӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора аз дафтари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, бозори мазкур бо харҷи 300 ҳазор евро аз ҷониби Бунёди Оқохон бо кумаки молиявии ҳукумати Олмон бунёд шудааст. Дастрасии сокинони минтақаҳои наздисарҳадии Бадахшони Афғонистон ба маводи озуқа ва молу колои нисбатан арзон, фароҳам кардани шароити тоҷирони тоҷику афғон, рушди равобити фарҳангии байни ду кишвар ва таъмини субот аз ҳадафҳои бунёди ин бозор гуфта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи ин бозор Исрор Исроров, муовини раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, Ғулом Ҳошимӣ Сои, консули Ҷумхурии исломии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ, Кристин Лаабс, раҳбари Бонки рушди Олмон дар Тоҷикистон ва Ёдгор Файзов, раҳбари Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон иштирок доштаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |