34 соли зиндони 7 сокини Шаҳритус барои барафрохтани парчами ДИИШ
Додгоҳи вилояти Хатлон ҳафт сокини ноҳияи Шаҳритузро дар барафрохтани парчами гуруҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Давлати исломӣ” айбдор дониста, онҳоро аз 7 то 27 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои Зубайдуллоҳ Маҳмудзода, додраси Додгоҳи вилоятии Хатлон, нисбати се тан аз ин афрод бо далели ноболиғ буданашон ҳукмҳои “нармтар” содир шудааст: “Чор маҳкумшудаи дигар, ки синну солашон аз 20 бештар аст, ташкилкунандаҳои асосии барафрохтани парчами сиёҳи “Давлати исломӣ” дониста шуданд”.
Моҳи августи соли ҷорӣ гуруҳи ҷавонон аз деҳаи Ленинободи ноҳияи Шаҳритуз бо гумони барафрохтани матои сиёҳи монанд ба парчами гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" дар болои муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ноҳия боздошт шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |