Бахшҳо

“Ошкоро”: Созмони ошкору ноошкор

Нуралӣ ДАВЛАТ

СОЗМОН ДАР КӮЛОБИ АҚИБМОНДА

“Ошкоро” нахустин созмони ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ буд ва он дар яке аз маҳалҳои ақибмондаи Тоҷикистон – вилояти Кӯлоб зуҳур кард. Ташаббускорони ин ташкилот зоҳиран аз сиёсати бозсозии Горбачёв ҷонибдорӣ мекарданд.

Таърихи “Ошкоро” нишон медиҳад, ки дар ибтидо аксар аъзои ин созмон руҳияи зидди коммунистӣ доштанд ва сиёсати Ҳизби коммунистро шадидан интиқод мекарданд. Ин андеша аз Муроҷиатномаҳои худи созмон бармеояд. Ба ҳар сурат, то моҳи августи соли 1991, яъне барқияи раиси он Рустами Абдураҳим ба унвони табаддулоти давлати аз ҷониби ГКЧП ягон санади расмӣ дар бораи ҷонибдори аз Ҳизби коммунист созмони “Ошкоро” пахш накардааст.

Сабаби чунин мавкеъ гирифтани аъзои ин ташкилоти ҷамъиятӣ шояд ба он хотир буд, ки аз оғози ба фаъолият шурӯъ карданаш аз ҷониби мақомоти ҳизбии шаҳру вилояти Кӯлоб зери фишор ва танқиди шадид қарор дошт. Аз ҷониби дигар, намояндагони созмони “Ошкоро” дар ибтидо рӯирост эътироф мекарданд, ки бо клуби “Рӯ ба рӯ” ва Ҷунбиши мардумии “Растохез” ҳамкорӣ доранд, вале ин ба роҳбарони ҳизбии минтақаи Кӯлоб хуш намеомад.

Дар тули қариб 2 соли мавҷудияти созмони “Ошкоро” дар ҷаласаҳои ҳизби коммунисти вилоят ва шаҳри Кӯлоб ин ташкилоти чамъиятӣ сиёсӣ ва рохбари он Рустам Абдураҳимов на як бору ду бор мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буданд. Гоҳе маърузачиёни коммунист дар ин ҷаласаҳои худ ба таҳқиру таҳдиди ошкори афроди намоёни ин созмон, аз ҷумла шахси худи Р. Абдураҳимов мегузаштанд. Аммо чаро дар ибтидо созмони “Ошкоро” ба Ҳизби коммунист чандон алоқа нишон надод? Ба назари мо, ин чанд сабаб дошт. Вақте ки ин созмон аз мавҷудияти худ дар моҳи августи соли 1989 хабар дод, касоне, ки аз сиёсат хуб огоҳӣ доштанд, дарк карда буданд, ки ғуруби Хизби коммунист наздик аст ва давлате, ки пешвои коммунистон Ленин бунёд гузошта буд, ғарқ мешавад.

Дар ин айём, дар Маскав як гурӯҳи вакилони Шӯрои олии Иттиҳоди шӯравӣ аллакай талаб доштанд, ки моддаи 6-и Конститутстия ҳазф шавад. Ҳазфи ин мода маънои онро дошт, ки Ҳизби коммунист ҷилави қудратро аз даст медиҳад. Мухолифон ахиран муваффақ шуданд, ки баъди муборизаи якунимсола Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравиро маҷбур намоянд, ки моддаи 6-уми Конститутсия дар мавриди нақши пешбаранда ва роҳбарикунандаи Ҳизби коммунистро ҳазф кунанд.

Дар замоне ки ҳамин мубориза барои лағви моддаи 6-уми Конститутсияи СССР мерафт, дар шаҳру минтақаи Кӯлоб гурӯҳи равшанфикрон низ дар муқобили ин ҳизб қарор гирифтанд ва қарор доданд, ки як созмони ҷамъиятӣ–сиёсӣ ташкил бидиҳанд. Ҳамин тариқ, дар моҳи июли соли 1989 “Ошкоро” аз мавҷудияти худ бори нахуст дарак дод. Ин созмон сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ҷумҳуриро нисбат ба вилояти Кӯлоб мавриди интиқоди шадид қарор дод. Аъзои ин созмон аз фаъолияти рохбарони минтақаи Кӯлоб низ норозӣ будани худро эълон доштанд. Чунин бархурд ба роҳбарони ҳукумати ҷумҳурӣ ва минтақа боиси қаҳру ғазаби сахти партхозактиви Кӯлоб гардид, зеро онҳо то ин вақт одат накарда буданд, ки касе, бидуни созмонҳои болои ҳизбиву ҳукуматӣ фаъолияташонро танқид кунад.

Аз ҷониби дигар, то ин замон кормандони ҳизбиву шӯравӣ тамоми қарорҳояшонро дар утоқҳои корӣ гирифта, сипас барои тасдиқу татбиқ иҷозаи Душанбе ва Маскавро мегирифтанд. Албатта, ин ҳама корҳо азноми халқ ва барои халқ эълон мешуд. Воқеият ин аст, ки халқ дар ин тасмигириҳои кормандони шӯравиву ҳизбӣ ва интихоби кадрҳои дар идораҳои расмӣ ягон таъсир надошт ва аз халқ чизе ҳам намепурсиданд. Халқ дар ҳама интихоботҳои даврони Шӯравӣ то замони бозсозӣ нақши “массовка” ё декоратсияро иҷро мекард.

Пӯшида нест, ки дар даврони Шӯравӣ танҳо як ҳизб вуҷуд дошт ва масъулон муайян мекарданд, ки кӣ шомили он шавад ва кӣ нашавад. Ин омили бисёр муҳим буд, зеро бидуни узвият дар ин ҳизб карйера кардан ё вазифа гирифтан имкон надошт. Дар бораи таъсис додани созмонҳои сиёсӣ то охири солҳои 80-ум дар Иттиҳоди шӯравӣ ҷои гап ҳам нест, чунки ҳамагуна кӯшишҳо барои таъсис додани аҳзоби сиёсии ғайрикоммунистӣ ва ё ҳатто як созмони ғайрирасмӣ дар Иттиҳоди шӯравӣ ё ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти бузурги зидди давлатӣ ҳисоб мешуд.

Созмони “Ошкоро” замоне таъсис ёфт, ки дар бархе ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди шӯравӣ аллакай аҳзоби сиёсӣ ва ҷунбишҳои мардумии зиддикоммунист таъсис ёфта буданд. Мавриди зикр аст, ки ба ғайр аз ин омилҳои берунӣ дар таъсиси “Ошкоро” омилҳои дохилӣ низ нақш доштанд. Дар ин иртибот ду омили асосиро зикр кардан мумкин аст. Якум кӯшиши барқарор кардани вилояти Кӯлоб буд, ки дар соли 1988 барҳам хӯрда бо вилояти Қӯрғонтеппа муттаҳид гашта, дар заминаи онҳо вилояти Хатлон таъсис ёфта буд.

Дуюм мухолифат бо сохтмони корхонаи аккумуляторӣ дар шаҳри Кӯлоб буд. Мубориза алайҳи ин корхона қаблан шурӯъ шуда буд, вале баъдан як теъдоди фаъоли он ба созмони “Ошкоро” шомил гашта ё хайрхоҳи он гардиданд.

Мухолифони вилояти нав чунин иддао доштанд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ, ки бештар аз шимоли ҷумҳурӣ буданд, манфиатҳои мардуми минтақаи Кӯлобро сарфи назар кардаанд. Ҳамчунин андешаи дигар низ вуҷуд дошт. Гӯё бо муттаҳид карданиду вилоят қабл аз пошхӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ роҳбарони ҷумҳурӣ мехостанд мухолифатро миёни кӯлобиҳо ва бадахшониҳову қаротегиниҳо, ки дар вилояти Қӯрғонтеппа нуфузи зиёд доштанд, барангезанд.

Агар ин андеша сиҳат дошта бошад, пас яке аз сабабҳои асосии мухолифати шадиди соли 1992 дар вилояти Қӯрғонтеппа миёни кӯлобиҳо ва бадахшониҳову қаротегиниҳо муттаҳидгардонӣ будааст. Гап сари ин буд, ки бо таъсиси вилояти нави Хатлон як теъдод намояндагони вилояти Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа омада, курсиҳоро соҳиб мешуданд. Аз тарафи дигар, барои сокинони бархе минтақаҳои дурдасти собиқ вилояти Кӯлоб барои ҳалли мушкилоти худ ба шаҳри Қӯрғонтеппа сафар кардан, алалхусус дар зимистон кори мушкиле буд, аммо аз ин қарор сокинони навоҳии наздиктар ҳам чандон розӣ набуданд.

ЗАМИНАҲОИ ТАЪСИСИ “ОШКОРО”

“Ошкоро”: Созмони ошкору ноошкорНахустин бор назари расмии роҳбарияти ҷумҳурӣ оид ба барҳам додани вилояти Кӯлоб дар иҷлосияи Шӯрои олӣ рӯзи 2-юми апрели соли 1988 аз забони раиси Совети вазирон Иззатулло Ҳаёев садо дод. Қобили зикр аст, ки И. Ҳаёев нахустин кӯлобие буд, ки дар тӯли қариб 70 соли мавҷудияти давлати шуравӣ дар Тоҷикистон соҳиби яке аз мансабҳои аввал, яъне раиси Совети вазирон дар ҷумҳурӣ гардида буд.

Мавсуф то ин вақт соле чанд дар вазифаи котиби якуми комитети ҳизбии вилоятӣ, яъне роҳбари вилояти Кӯлоб кор мекард. Ба истилоҳи имрӯза И. Ҳаёев раиси вилояте ҳисоб мешуд, ки дар он хуни нофаш рехта буд. Маърӯзаи раиси Совети вазирон дар иҷлосияи Шӯрои олӣ оиди барҳам задани вилояти Кӯлоб, вилояте, ки аз он И. Ҳаёев намояндагӣ мекард, ӯро ҳамчун як инсони карерист ва ё бетафовут нисбат ба зодгоҳаш ҷилва дод.
Бархе соҳибназарон ба ин андешаанд, ки роҳбарони ҷумҳурӣ, ки асосан аз шимол ё дақиқтараш аз собиқ округи Хуҷанд буданд, Ҳаёевро сирф барои барҳам задани вилояти Кӯлоб ба дасти намояндаи худи ин минтақа истифода бурдаанд. Аммо бархеи дигар ба ин назаранд, ки барои худи И. Ҳаёев ҳам курсӣ муҳимбуд, на ҳимоят аз манфиатҳои як минтақаи калон дар сатҳи роҳбарияти ҳукумати ҷумҳурӣ.

Раиси Совети вазирон дар маърӯзаи худ дар иҷлсияи Шӯрои олӣ эълон дошт, ки вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа барҳам мехӯранд ва ба ҷои онҳо вилояти нав бо номи шартии “Панҷ” таъсис меёбад, аммо баъдан номи вилоятро Хатлон гузоштанд. Ӯ гуфт, ки мақсад аз ташкили вилояти нав муттаҳид намудани саъю кӯшиши роҳбарони ҷумҳурӣ ва захираҳои ду вилоят мебошад, зеро дар алоҳидагӣ тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ин минтақаи калонро таъмин кардан номумкин аст.
-Илоҷи ягона маҳз аз беҳтар истифода бурдани иқтидори истеҳсолӣ, нақлиёт, азхудкунии комплексҳои ашёи хомва захираҳоиоб, замин, энергетика, захираҳои моддӣ ва меҳнатӣ ва молиявӣ дар базаи тараққидодани махсусгардонӣ ва копператсияидохили вилоятӣ мебошад, -гуфт раиси Совети вазирон дар маърӯзаи худ.

Аммо дар ин иҷлосия пешниҳоди И. Ҳаёев аз ҷониби намояндагони вилояти Кӯлоб ҳамовозии бояду шояд пайдо накард. Ҳарчанд ки он вақт афроди ҳизбиву шӯравӣ ҷуръат надоштанд, ки ба муқобили қарорҳои партия ва ҳукумат садо баланд кунанд. Масалан, вазири мелиоратсия ва хоҷагии об Ҳикматулло Насриддинов, ки то чанд сол қабл котиби Комитети Марказии ҲК Тоҷикистон буд, иброз дошт, ки муттаҳид кардани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа иштибоҳ аст.
-Ин тамоман нодуруст аст, чунки вилояти Кӯлоб ва ноҳияҳои он нисбат ба вилояту ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз ҷиҳати масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ хеле қафомонда аст, -зикр кард ӯ.

Ба андешаи Ҳ. Насриддинов, як қатор объектҳое ки сохтмонашон дар панҷсолаи 12-ум дарвилояти Кӯлоб пешбинӣ шуда буданд, иҷро нагардидаанд, аз ин рӯ, муттаҳид карданиду вилоят боиси боз ҳам бештар ақибмонии вилояти мазкур мегардад. Дар мавриди таъсиси вилояти шартии “Панҷ” ӯ гуфт, ки агар қарор бошад, ки вилояти Кӯлоб барҳам зада шавад, пас бояд ноҳияҳои он тобеи ҷумҳурӣ шаванд, аммо муттаҳид кардани он бо вилояти Қӯрғонтеппа ҳеч зарурат надорад.

Ин пешниҳоди Ҳ. Насриддиновро раиси овозадори колохози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев низ ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳам пешниҳод намуд, ки ноҳияҳои вилояти Кӯлоб ҳамроҳ бо шаҳрҳои Роғуну Норак тобеи ҷумҳурӣ шаванд. Аммо котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Қаҳхор Маҳкамов дар иҷлосия суханронӣ намуда, эълон кард, ки зимни мулоқотҳо бо меҳнаткашони ин ду вилояте, ки бояд барҳам хӯранд, маълум гардид, ки аксарият ин тадбирро дуруст шуморидаанд. Ӯ дар ин суханронии худ ба мухолифони муттаҳидгардидани ду вилоят ишора карда, чунин гуфт:
-Шахсони бевиҷдон аз мавқеи маҳалчигӣ мардумро ба шӯр андохтанӣ мешаванд, аммо мо ба ин роҳ намедиҳем.

Моҳҳои баъдӣ нишон доданд, ки аксарият аз тасмими муттаҳид шудани ду вилоят розӣ нестанд. Инро вохӯрии роҳбарони ҷумҳурӣ бо ширкати худи Қ. Маҳкамов дар бинои обкоми шаҳри Кӯлоб ба хубӣ нишон дод. Ҳаминро бояд зикр кунам, ки роҳбарони ҷумҳурӣ ба шаҳри Кӯлоб бо даъвати масъулони созмони ғайриасмии “Ошкоро”, ки сабти ном карданаш намехостанд, ташриф оварда буданд. Тафсилоти ин мулоқотро, ки дар он ба ҷуз Қ. Мақкамов, раиси Совети вазирон И. Ҳаёев ва раиси Президиуми Шӯрои олӣ Ғ. Паллаев ширкат доштанд, Насриддинов дар китоби худ -- “Таркиш” муфассал баён кардааст. Ба қавли мавсуф, дар ин мулоқот раиси Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон Ғ. Паллаев гуфтааст:
-Мо вилоятҳоро барҳам додем. Аммо пеш аз барҳам додани вилоятҳо ба Кумитаи Марказии КПСС маслиҳат шуда буд. Баъд указ баровардем, акнун онро дар сессия тасдиқ мекунем.

Ин гуфтаҳои Ғ. Паллаев норозигии шадиди шоир ва журналисти кӯлобӣ Сафармуҳаммад Аюбӣ, раиси созмони “Ошкоро”-ро барангехт. Ӯ аз раиси Президуми Шӯрои олӣ пурсид, ки оё роҳбарони ҷумҳурӣ худашон қодир нестанд, ки ҷумҳуриро дуруст роҳбарӣ кунанд?
-Модоме ки Маскав барои якҷоя шудани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҳукм бароварда бошад, пас, чӣ ҷои указ баровардан ва сессия ташкил кардан?,-пурсид ӯ.

Қурбон Зардаков, яке аз мухолифони асосии сохтмони корхонаи аккумуляторбарорӣ аз Маҳкамов, Паллаев ва Ҳаёев пурсид, ки оё роҳбарони Тоҷикистон ягон ақидаи мустақили худро доранд? Ӯ рӯирост пурсид, ки чаро Кӯлоб барин сарзамини қадима писари угай шудаасту ҷавонмардону духтарони ин минтақа саросар бекор мондаанд?

Қ. Зардаков дар ин суханронии худ ҳамчунин зикр кард, ки вилояти Кӯлобро се бор барҳам доданду барқарор карданд, аммо дар натиҷаи ин амалҳои носанҷидашуда миллиардҳо сӯми давлат бар бод рафт.
-Ку як бор вилояти Ленинободро барҳам диҳед. Ҳафтод сол тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳоро кадрҳои вилояти Ленинобод роҳбарӣ карданд. Тамоми вилояти Ленинобод аз ҳисоби буҷети мо сохта мешуданд. Як шаҳри Исфара аз тамоми вилоятҳои ҷануби ҷумҳурӣ корхонаи бисётар дорад, -тазаккур дод Қ. Зардаков.

Мавсуф ҳамчунон илова кард, ки вақте Салоҳиддин Ҳасановро котиби якуми ҳизбии вилояти Кӯлоб таъин карданд, ӯ ба дуздиву тороҷи мардум машғул шуд, Мақсуд Икромов ба Кӯлоб бо як костюм омада буд, аммо вақте ки ба Душанбе бармегашт, бо худ панҷ миллион пул, мебел ва ашёи рӯзғор бурд.
Касе аз толор садо баланд карда ба Маҳкамов гуфт, ки агар Кӯлоб як пораи Тоҷикистон бошад, агар Кӯлоб модари ӯ бошад, пас чаро ӯ ба модари худ хиёнат мекунад?

Ин суханҳо норозигии шадиди Ҳаёевро оварданд ва ӯ изҳор дошт, ки “инҷо ҳама беадабон ҷамъ шудаанд”. Ин гапи раиси Совети вазиронро шунида, касе луқма партофт:
-Ҳофиз овардем…Ба ҷои он ки Ҳаёев аз мардуми бечораи худ дастгирӣ намояд, боз онҳоро таҳкир ҳам мекунад, аммо раиси Совети вазирон ба ин суханҳо аҳамият надода, боз як бор такрор кард: -Беадабон!

Нуктае, ки бояд инҷо зикр шавад, ин аст, ки Қ. Махкамов дар ин мулоқот бо намоянадгони созмони “Ошкоро” ваъда дод, ки вилояти Кӯлоб барқарор мешавад ва он дар соли 1990 барқарор шуд. Ҳамин тариқ, вилояти навтаъсиси Хатлон умри зиёд надид. Баъди барҳам додани он вилояти Кӯлоб бори чорум барқарор гардид. Аммо дар соли 1992 вилояти Қӯрғонтеппа ба майдони аслии ҷанг миёни ҷонибдорон ва мухолифони ҳукумат мубаддал гашт ва иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ қарор баровард, ки вилояти Хатлон дар заминаи муттаҳид намудани вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа аз нав барқарор карда шавад.

(Давом дорад)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)