Шукурҷон Зуҳуров: Бонувони тоҷик ҳуқуқу имкониятҳои худро беҳтар шинохтанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, бонувони тоҷик ҳуқуқуқҳои худро дар ҷомеа беҳтар шинохтаанд. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро имрӯз, 3 декабр дар мулоқот бо намояндагони форуми парламентарҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд, хазинаи нуфуси Созмони милали муттаҳид дар Душанбе иброз доштааст.
Ба иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон, оқои Зуҳуров иброз дошта, ки намояндагии хазинаи нуфуси СММ дар фаъолияти худ ҳамеша ба афзалиятҳои миллӣ такя намуда, ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Раиси Маҷлиси намояндагон қайд намудааст, ҳамкориҳо бо хазинаи мазкур бахусус дар самтҳои солимии репродуктивӣ, баробарии гендерӣ пурсамар буда, “тибқи гузоришҳои СММ сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон якчанд баробар коҳиш ёфта, солимии репродуктивӣ дастраси ҳамагон шудааст ва муриши модарону атфол бамаротиб камтар гаштааст”.
Манбаъ мегӯяд, Шукурҷон Зуҳуров ширкати бонувонро дар ҳаёти сиёсии кишвар унсури муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими субот шуморида, таъкид кардааст, ки “баробарии гендерӣ меъёри ҳаётан муҳими шоистагии воқеии ҷомеа эътироф гаштааст. Бонувони тоҷик ҳуқуқу имкониятҳои худро беҳтар шинохтанд. Занҳо дар Тоҷикистон нисфи аҳолиро ташкил медиҳанд ва имрӯз онҳо такягоҳи боэътимоди иқтисодиву иҷтимоӣ ва неруи пешбарандаи соҳибкорӣ ба ҳисоб мераванд”.
Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, ҳамкориҳо самари нек ба бор овардаанд, вале мушкилоти ҳалношуда, аз ҷумла дар самти боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва мубориза бо бемории ВИЧ/СПИД боқӣ мондаанд: “Фикр мекунам, бо кушишҳои якҷоя мо метавонем ҳамаи проблемаҳоро пушти сар намоем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |