Бахшҳо

Корхонаи тиллои "Зарафшон" дучори мушкили молӣ шудааст

Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи як баҳси молӣ суратҳисоби корхонаи муштараки “Зарафшон”-ро, ки ба истихроҷи тилло машғул аст, маҳдуд кардааст. Дар ин бора Исмоил Зарифӣ, як корманди корхонаи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, “давоми як моҳ ягон навъи маҳсулот ба корхона ворид нашудааст ва як сомонии ба суратҳисоби корхона гузаштаро Кумитаи андоз мегирад”.

Оқои Зарифӣ гуфт, кормандон маоши моҳи октябрро нагирифтаанд: “Танҳо шӯъбаи хуроки умумии корхона давоми ин қазия аз бозору мағозаҳо 500 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст”.

Чун Ша Дин, раҳбари корхона ҳам дар як суҳбати телефонӣ таъйид кард, ки бо далели дар ҳисоб набудани маблағ кормандон ҳақмузди худро нагирифтаанд. Ӯ гуфт, барои ҳалли ин мушкил ба Душанбе омадааст ва қарор аст бо намояндаҳои Кумитаи андоз мулоқот намояд.

Сабаби маҳдуд шудани суратҳисоби корхонаи “Зарафшон” 200 миллион сомонӣ қарзи он аз ҳисоби андоз гуфта мешавад. Талошҳо барои дарёфти шарҳи масъулини Кумитаи андоз то ин вақт бенатиҷа буд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин -- “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ҷойгир буда, яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло ба шумор меравад.
Мӯҳр
Чао Кумитаи андоз руйхати муфлисшудагонро зиёд кандан мехохад? Ин Кумита ба фоидаи кадом давлати хамсоя кор карда истода бошад, ки рохро барои кашшоккунии бучаи Точикистон мекушояд. Ман якинам, ки ин кор ба фоидаи Точикистон нест. Зеро бо чунин бастани суратхисобхо ва аз фаъолият бозмондани корхонаи бузург хам сафи бекорон меафзояду хам буча холи мешавад.

bobo
Панчакент нохия не шахр тотун!!!

Панҷакент ноҳия не, шаҳр аст ТАҒО

Вакте сухан дар бораи худи шахр меравад, шахри Панчакент мегуянд, вале сухан дар бораи мавзеъхои атрофи он меравад, нохия мегуянд. Заводи тиллои Зарафшон дар нохияи Панчакент чойгир аст, на дар шахри Панчакент. Ин корхона дар шахраки Таррори нохияи Панчакент чойгир аст.

шахрванд
Панчакент нохия аст шахри Панчакент бошад маркази нохия аст мухтаррам мунаккид. Хаминчабаям шахригихотона мекунед дия..

Benom
Баъд аз соли нави милоди навбати муфлис шудани Точикистон!!!!!!!!!.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)