Фарҳоди Дарё: Рухсори кӯдаки маъсуматон камтар аз сафҳаи Қуръон нест
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон, ки ба тозагӣ сафири Идораи ҳимоят аз кӯдакони Афғонистон муаррифӣ шуд, аз тамоми раҳбарони ҷаҳон ва кишвари худ хостааст, “тағйирро аз зиндагии кӯдакон оғоз кунанд”.
Ӯ ҳангоми нишасти хабарие ба муносибати муарифии сафири Идораи ҳимоят аз кӯдакони Афғонистон таъкид карда, “мо ба унвони як кишвари динсолор мушкилоти кӯдаконро аз диди бузургтарҳо мебинем ва шармамон меояд аз кӯдакон бипурсем, ки худашон барои бароварда шудани орзуҳояшон чӣ хобе дидаанд?”
Ба гуфтаи Фарҳоди Дарё “рухсори кӯдаки маъсуматон камтар аз сафҳаи Қуръон нест. Аз задан бар сару сураташон даст бардоред. Бузургӣ ва қудрати шумо дар муҳаббат кардан ба онҳо аст. Варна ҳар кучаке метавонад золим ва хашин бошад”.
Ин овозхон дар идома гуфтааст, дар робита ба фаъолиятҳояш бо кӯдакон бархе ӯро мутаҳҳам ба истифодаҷӯӣ мекунанд ва мегӯянд, ба дунболи суд ва шуҳрати бештар аст. Фарҳоди Дарё гуфтааст, ин интиқодҳо ва мутаҳҳам карданҳо хотироти нохушояндеро барои ӯ ва хонаводааш рақам задааст. Ӯ яке аз ин хотираҳоро чунин нақл кардааст: “Чанд сол пеш барои баргузории як барномаи хайрия сафаре ба Афғонистон доштам. Ин сафар барои панҷ моҳ ба дарозо кашид. Яке аз рӯзҳо ҳамсарам, Султона писарам Ҳиҷронро барои харид ба бозор бурд. Ҳиҷрон ки сахт дилтанги падар шуда буд, бо садои баланд аз модараш мепурсад ки боба Дарё кай бармегардад?”
Ӯ мегӯяд, марде ки дар ҳамон наздикӣ саргами харид буд, бо шунидани садои Ҳиҷрон аз Султона мепурсад, ки оё ӯ ҳамсари Фарҳоди Дарё аст? Ва замоне, ки ҷавоби мусбат мешунавад бо хушунат ва лаҳне пур аз нафрат ба Султона мегӯяд: "Хиҷолат намекашӣ, ки аз пули ятим ва ғариби Афғонистон барои писарат чиз мехарӣ?"
Фарҳоди Дарё дар охир гуфтааст: “Ҳаргиз он мардро нахоҳам бахшид ва агар рӯзе ӯро аз наздик бубинам он чиро ба ӯ хоҳам гуфт, ки буғзи гулӯи Султона он рӯз монеи гуфтани он шуда буд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |