Бахшҳо

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Эмомалӣ Раҳмонро пешвои миллат мехонам

Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ва сардори собиқи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Рашт гуфтааст, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро пешвои миллат медонад.

Ӯ, ки ҳоло раҳбарии хоҷагии деқониро бар уҳда дорад, ба нашрияи “Тоҷикистон” гуфта, “ман Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои он пешвои миллат мехонам, ки сари ятимонро пайваста сила мекунад. Ба пирону мазлумон таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Онҳоро падарона дилбардорӣ намуда, кумаки моддиро барояшон дареғ намедорад”.

Мирзохӯҷа Аҳмадов дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2013 эълон карда буд, аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои сиёсӣ ҷонибдорӣ мекунад.

Оқои Аҳмадов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз фармондеҳони неруҳои мухолифин дар водии Рашт буд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ ба курсии сардори Шӯъбачаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ин минтақа нишаст. Соли 2008 Аҳмадов ва зердастонаш ба қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН айбдор шуданд. Аммо ин масъала бо дахолати раисиҷумҳур ва халъи силоҳи афроди Аҳмадов ҳал шуд. Соли 2010 дар пайи амалиёти махсуси неруҳои давлатӣ алайҳи гуруҳҳои Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло Раҳимов номи Мирзохӯҷа Аҳмадов дигарбора расонаӣ гардид. Ӯ ба ҳамдастӣ ва паноҳ додан ба ҷангиёни Мулло Абдулло айбдор шуд, аммо баъдан эълон шуд, бо мақомот ҷиҳати безарар гардонидани одамони Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ ҳамкорӣ дорад.

Таъкиди фармондеҳи пешини Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик ба пешвои миллат хондани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе навишт, пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.

Пешниҳоди пешвои миллат унвон додани Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли равон аз сӯи Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон садо дода буд.
Мӯҳр
.
Хап бкни бшини хдта шарманда накни намешава?

Шахрванд
Агар Мирзохучара камтари дигар зур ояд мумкин аст ки Рахмона худои худаш эълон кунад. Барои пешво шудан набояд зиндагии як гурухи кучак хуб бошад, балки зиндагии 90%-и мардум дар сатхи хуб бошанд.

Ин одама шабо хобаш намебарад, ки баногох аз
чойгахи хобаш набардоранаш (барои куштори
командири ОМОН-Захарченка). Барои хамин чой-
намозаша дигарсуй (наузамбиллох) партофтаги.

Онсӯӣ
Тавба, тавба.. устод Нурӣ дар қабрашон оташ гирифтанд...

( пешвои миллат ) ранги ленинвори мавзолей тайор карда монем

Сино
Шахрванд,
Тугри мегуй чура ...

Саргузашти пешвои мо дар оғоз ба ҳолати сиёсии роҳбарони миллии муваффақ, ки зикрашон гузашт, шабеҳаст. Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки рисолати асосии пешво – ба созиш овардан ва муттаҳид сохтани гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа дар асоси идеяҳои нав, арзишҳо ва идеалҳои миллӣ мебошад. Инунин махз Чаноби Оли буд,ки Точикистони азизро дар арсаи чахон муарифи намуд. Шукри сарвари донову окил мекунем,ки имруз роххо обод, замин дар дасти марди дехкон боз чи мефорад. Ба ин хотир ман аз номи тамоми марудми шарифи Кухистони Мастчох ва шахсан гуфтаниам дар хакикатЧаноби Олии арзандаи чунин унвонанд. Бе ин унвонхам Чаноби Оли пешвои миллати точик буданд,хастанд, мемонанд.

Шахрванд
Рахматчон  К Мастчох,

Хеч гох ин суханхои Рахматчон К Мастчох дуруст нестанд ва намешаванд. Агар аз мантики шумо Рахматчон К Мастчох кор гирем пас барои чанги шахрванди бошад биёед Саид Абдуллои Нури-ро хам пешвои миллат дихем, чун ки он кас хам дар вахдати милли 100% НАКШ ДОШТанд. Агар Нури рози намешуд ё Рахмон(Руссия) рози намешуд пас ин мардхо бо ки сулх мекарданд? бо малоикахо?! ё бо чинну ачинахо?!. Ин чангро кадом давлате ки ташкил карда буд хамон давлат ба охир расонд. Факат коре кард ки точиконро дар зери зулму, беадолати, чохили ва хамчун гуломи худ дар ин минтака нигох дорад. Дар чомеаи демократи мавхуми "пешво" вучуд надорад, ин чиз дар асри 21 зебанда нест.

Мухаммад
Унвони фармондехи мухолифин ба Ахмадхуча Низомов додан нодуруст аст. Зеро ин кас хеч вакт фармондехи Гарм набуд. Метавонед матбуоти хамон давраро варак занед. Ду сол хамчун мусаллахи катори буд. Баъди хамоиш ба милисия дохил шуд. Яку якбора мансаби калони милиса надошт. 12 сол дар милиса кор кард.

Ин ки гоҳе мезанам бар обу оташ хешро,

Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.
Ин мисраҳои шоир ба фаъолияти Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон рост меоянд. Аз рӯзи авале, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олй дар Қасри Арбоб доиргардида, Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон савганд хурда буданд, пеши роҳи хунрезии ҷанги бародаркушро мегиранд, ҳамаи гурезагонро ба Ватан бармегардонанд, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро дар Ватани азизамон пойдор менамоянд. Ҳаққо, ки Сарвари давлат ба савганди худ вафо намуданд. Дар он рӯзҳои торикиву зулмоти миллат чун шамъ сӯхт, то роҳи дигаронро равшан намуда, ба сӯи рӯшноӣ раҳнамоияшон намояд. Аз ҷони худ гузашта ба сӯи мухолифин дасти оштию дӯстӣ ва бародариро дароз намуда, ба Хустдеҳи Афғонистони ноорому ҷангзадарафт. Дар ин сафар метавонист ҷони худро аз даст диҳад, лекин наҳаросид, мақсаду нияташ, ки поку беолоиш буд, Худованд ба нияташ расонид. Сохтмонҳои иншоатҳои стратегӣ барои аз бунбасти комуникатсионӣ баромадан оғоз гардида, шоҳроҳҳои Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, Душанбе – Кӯлоб – Қалъаи Хумб - Хоруғ - Қулма, Айни -Панчакент,нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон сохта ба истифода дода шуданд ва мардум тамоми фаслҳои сол бе мамониат ба пойтахти кишвар шаҳри Душанбе рафтуомад карда метавонанд. Кушодани нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон орзуи чандасраи мардум буд, зеро тулии асрҳо бо пайроҳои пурпечу тоби кӯҳӣсафарн кардан хело хатарнок буд ва мардуми зиёде ҷони худро дар ин роҳ бохта буданд. Бо нангу номус ва иродаи қавии пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзуи чандасраи мардум бароварда шуд. Мардум низ дар навбати худ бо дилгармӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлатҷонибдорӣ намуда, ба ободу зебогардонии шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳои худ камари ҳиммат бастанд. Дар гирди Пешвои миллат муттаҳид гардида, диёри азизамонро сабзу хуррам намуда истодаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадом гӯшаи Ватани азизамон сафар кунанд, онҷо ободу зебо мегардад. Мо бо Шумо Пешвои миллат ифтихор дорем ва дар паҳлӯи Шумо истода баҳри ободию шукуфоии Ватани азиз хизмат хоҳем кард. Ҳаққо, ки Шумо ба Пешвогии миллат сазоворед.


бобои мирзохуча маъракаи риштарошонда чанд дег ош монди, кучо шид ун катагихои солхои 90 ум

caid
пешво шудан ин як кори бисёр муқаддас аст. пас бояд аввалин кор адолати иҷтимои дошта бошад шахси пешво. баъ ин ки ба ҳеҷ як фармони Худо ва расулаш мухолифат накунад ва бе чуну чаро амал кунад ва ....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)