Шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия 24 сол аз озодӣ маҳрум шуд
Додгоҳи шаҳри Магнитогорски вилояти Челябинск як шаҳрванди Тоҷикистонро барои 24 сол равонаи зиндон кардааст.
Бино ба иттилои расонаҳо, Муҳаммад Ҳайбуллоев дар куштани ду нафар, рабудани аснод, тақаллубкорӣ, таҷовуз ба номус ва дуздӣ муҷрим шинохта шудааст.
Тибқи ҳукми додгоҳ ин шаҳрванди Тоҷикистон аз як зан, ки бо ӯ робитаи дӯстӣ доштааст, талаби гирифтани қарз аз бонк дар ҳаҷми як миллион рублро кардааст: “Пас аз рад шудани ин тақозо Ҳайбуллоев ба манзили ин зан ворид гардида, модару модаркалони ӯро дар ҳузури фарзандонаш бо корд мекушад ва ба номуси вай таҷовуз мекунад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |