Масъули Кумитаи амният: Толибон аз симкортҳои Тоҷикистон истифода мебаранд (НАВШУДА)
Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мегӯяд, бар асоси таҳлилҳо ҷангҷӯёни “Толибон”, ки дар марз бо Тоҷикистон қарор доранд, аз симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон истифода мебаранд.
Ӯ имрӯз, 2 декабр аснои баррасии лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” дар Маҷлиси намояндагон гуфт, инчунин муайян гардидааст, бархе қочоқбарони кишвари ҳамсоя низ симкортҳои Тоҷикистонро доранд: "Вақтҳои охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан сохторҳои Кумити давлатии амнияти миллӣ ҳолатҳои сершумори аз ҷониби гуруҳои муташаккили ҷиноӣ, аъзои созмонҳои экстремистӣ-террористӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир истифода бурдани симкортҳои беном ва бо исми шахсони бегона номнависшуда, инчунин ба Афғонистон баровардани теъдоди зиёди симкартҳоро ошкор карда истодаанд".
Оқои Умаров афзуд, дар амалия бақайдгирии бенизоми симкортҳо барои гузаронидани амалиётҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ мушкилиҳои назаррасаро ба вуҷуд овардааст: "Таҳлили маводҳои оперативии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқи парвандаҳои ҷинятӣ, гузоришҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳанд, ки амнияти сиситемаи коммуникатсионӣ ва алоқаи мобилии кишвар дар ҳолати номусоид қарор доранд. Ваъзияти мазкур бар асари фурӯши бенизому нодурусти беш аз 70 фоизи симкартаҳо ба миён омадааст".
Вай ҳадафи лоиҳаи қонунро ба танзим даровардани фурӯши симкортҳо ва ҷилавгирӣ аз симкортҳои ғайрирасмӣ унвон кард. Ба қавли Мансурҷон Умаров, дар Тоҷикистон беш аз 7 милион симкорт ҳаст ва дар асоси тарҳи қонун соҳибони симкортҳо бояд аз нав онҳоро сабти ном кунанд. Барои сабти дубора як сол муҳлат муайян гаридааст. Ӯ мегӯяд, "дар тартиби истифодабарии симкортҳо пешниҳод карда истодаем, касе, ки дубора аз қайд намегузарад ширкатҳои мобилӣ симкорти ӯро ба таври автомотикӣ қатъ намоянд". Инчунин таъкид намуд, ширкатҳои мобилӣ ва афроде, ки ба фурӯши симкортҳои ғайрирасмӣ машғул мешаванд, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон бо ишора ба раванди мушкил будани сабти номи дубора таъкид кард, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд, то миёни мардум норозигӣ ба миён наояд ва шаҳрвандон барои ин кор ҳавасманд бошанд.
Қаблан, гуфта шуд, парлумони Тоҷикистон қонунеро таҳрир дорад, ки бар асоси он, симкорту телефон ба аҳолӣ танҳо баъд аз гирифтани изи ангуштонашон фурӯхта мешавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро қабул карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |