Бонки миллӣ барои ноустувории вазъи бозори дохилии асъор чанд ташкилоти молиявиро "ҷаримаи калон" мебандад
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, нисбат ба 22 корманди нуқтаи мубодилаи асъор "чораҳои ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ"-ро татбиқ намудааст.
Торнамои расмии ин ниҳод гуфтааст, афроди мазкурро ба амалҳои ҳаннотӣ даст зада, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллиро дағалона вайрон карда, ба ноустувор шудани вазъи бозори дохилии асъор сабабгор шудаанд.
"Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои Гуруҳи фаврии муштараки Бонки миллии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ оид ба назорат ва танзими бозори асъор дар фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” ҳолатҳои вайрон кардани талаботҳои қонунгузорӣ оид ба мубодилаи асъори хориҷӣ, аз қабили камомаду бешомади маблағҳои пулӣ, мавҷуд набудани дафтари сабти хариду фурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридораи бонк ошкор карда шуданд",-менависад торнамо.
Манбаъ меафзояд, Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ тавсия дод, ки то дастрас намудани дастури иловагӣ кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъореро, ки ба вайрон кардани талаботи қонун роҳ додаанд, ба кор қабул накунанд: "Дар робита ба ҳолатҳои ошкоршуда дар нуқтаҳои мубодилаи асъорҳои ташкилотҳои қарзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон нисбати ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ҶСП “Тоҷпромбонк”, ҶСК “Соҳибкорбонк” ва ТАКХ “Васлат” чораҳои таъсиррасонӣ, аз қабили ситонидани ҷаримаҳои калонро татбиқ менамояд".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |