"Ашан" ҷои маҳсулоти туркиро бо маҳсулоти тоҷикӣ пур карданист
Маркази савдои маъруфи "Ашан" гуфтааст, дар пайи таҳримҳое, ки Русия алайҳи Туркия роҳандозӣ кард, арзиши маҳсулот боло меравад.
Дар пайи таниши муносибатҳои Русияву Туркия баъди сарнагун шудани як ҷангандаи аввалӣ, Маскав содироти бархе сабзавот ва меваҷоти туркиро манъ кард. Жан Пер Жермен, президенти шӯъбаи русиягии "Ашан" гуфтааст, онҳо бояд ҷои ин маҳсулотро аз ҷои дигар пур кунанд, аммо нархҳо гарон мешаванд ва гузашта аз ин, ин кор вақти зиёд мехоҳад. Президенти "Ашан" изҳори умед кардааст, ки маҳсулоти туркӣ оянда бо маҳсулот аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Чин иваз хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан, Никита Исоев, раҳбари Институти иқтисоди муосири Русия гуфта буд, ҷои маҳсулоти кишоварзии Туркияро дар бозори кишвараш маҳсулоти Тоҷикистон мегирад. Ба қавли ин мақоми рус, “Русия Тоҷикистонро ҳамчун шарики муҳим дар шароити тезу тунди ин кишвар бо Туркия мебинад ва метавонад ҷойгузини мақоми Туркия дар бозори русӣ бошад”.
Ба гуфтаи Никита, Тоҷикистон алакай ба Русия анор, себ ва хурмо содир мекунад. Ӯ аз қавли ҷониби Тоҷикистон гуфтааст, дар моҳҳои сентябр ва октябр 300 тон аз меваҳои зикршуда содир шудааст. Ҷаноби Исаев қайд карда, ки ҳоло дар вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон қарор аст ду маркази логистикӣ бунёд шавад: “Ин марказҳо метавонанд содироти маҳсулотро бештар кунанд ва ҳамзамон ҷойҳои корӣ бунёд мешавад".
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |