Бахшҳо

Диабети қанд

Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Диабети қанд бемориест, ки асоси онро халалдор гаштани мубодилаи карбогидратҳо ва об дар организм ташкил медиҳад. Натиҷаи ин халалдоршавӣ ба вайроншавии кори ғадуди зери меъда оварда мерасонад.

Маҳз ғадуди зери меъда, дар организми одамӣ ҳормони инсулинро истеҳсол мекунад. Инсулин дар навбати худ дар ҷараёни коркарди қанд саҳми асоси дорад ва бе он организм наметавонад қандро ба гулюкоза мубаддал намояд. Мутобиқи таҳқиқотҳо дар оғози қарни ХХI дар дунё 120 миллион одам гирифтор ба ин беморӣ буд. Аз рӯи маълумотҳои статистикӣ ҳар 10-15 сол теъдоди одамони гирифтор ба диабети қанд ду баробар афзоиш меёбад. Ин нишондодҳо бемории диабети қандро ба мушкилоти тиббӣ-иҷтимоӣ мубаддал сохтааст.

Диабети қанд метавонад модарзодӣ ё касб кардашуда бошад. Норасоии инсулин пасомадҳои ногувори зиёде дорад. Дар пӯсти одамӣ иллатҳои зардобӣ пайдо мешаванд, дандонҳо азият мекашанд, бемории атеросклероз ва гипертония рушд мекунанд, гурдаҳо ва системи асаб азият мекашанд ва нерӯи биноии инсон низ заиф мегардад. Дар натиҷаи диабети қанд организм қандро, ки тавассути хӯрок ба бадан ворид мегардад ба пурраги наметавонад истифода карда, зиёдатии онро дар ҷигар ва мушакҳо захира намояд. Гулюкозаи мавриди истифода қарор нагирифта, дар ҳаҷми зиёд дар хун гардиш мекунад. Қисмате аз он тавассути пешоб берун меояд, аммо вуҷуди боқимондааш ба фаъолияти тамоми узвҳо ва бофтаҳо зараровар мебошад. Ҳуҷайраҳо, ки аз глюкоза танқисӣ мекашанд, ба ҷои он аз равғанҳо чун манбаъи нерӯгирӣ истифода мебаранд. Дар натиҷа дар дохили бадан "ҷисмҳои кетоновӣ" моддаҳои барои организм ва хусусан барои мағзи сар заҳролуд ташаккул меёбанд ва мубодилаи равғанҳо, сафедаҳо ва минералҳо халадор мегардад. Аз ҳама бештар мубодилаи карбогидратӣ азият мекашад, ки бо баланд гардидани қанд дар таркиби хун зоҳир мегардад. Ин нишондодро гипергликемия (зиёд шудани миқдори умумии қанд дар таркиби хун) меноманд. Аммо бояд дар хотир дошт, ки на ҳар гипергликемия диабети қанд маҳсуб меёбад, балки танҳо он намуди ин нишондод, ки бо халалдор гаштани таъсири инсулин вобаста аст. Умуман миқдори қанд дар таркиби хун доиман тағйир меёбад. Дар ҳол баъд аз истеъмоли хӯрок баланд гардида, дар зарфи 2 соати баъди ба меъёри худ бар мегардад.

Диабети қанд ба ду навъ тақсимбани мегардад. Диабети қанди навъи I ум ва диабети қанди навъи II юм. Диабети навъи I юмро инчунин диабети инсулинвобаста меноманд. Ба ин навъи диабет бештар ҷавонони то 40 сола гирфтор мегарданд. Ин навъи диабет хело вазнин ҷараён меёбад ва барои табобаташ инсулин ҳатмӣ мебошад, чун организм ҷисмҳое бегонаеро истеҳсол мекунад ва онҳо ҳуҷайраҳои ғадуди зери меъдаро, ки инсулин истеҳсол мекунанд аз байн мебаранд. Ин навъи диабет ба пуррагӣ табобат намешавад. Барои тақвияти организм бояд ҳамеша тавассути сӯзандору ба он инсулин ворид намуд. Дар ин навъи диабет парҳез нақши басо муҳим дорад. Гирифторони ин навъи диабет бояд аз истеъмоли қанд, шириниҳо, нӯшобаҳои мевагӣ ва диагар нӯшокиҳои қанддор худдорӣ кунанд. Навъи II юми диабет бошад аз инсулин вобаста нест. Ба ин навъи диабет бештар одамони солхӯрда, баъди 40 солагӣ ва фарбеҳ гирифтор мегарданд. Сабаби ин навъи диабет, аз даст додани ҳуҷайраҳо ҳиссиёти худро нисбати инсулин бо сабаби аз ҳад зиёд будани модаҳои ғизоӣ дар онҳо ба шумор меравад. Дар ин навъи диабети қанд истеъмолӣ инсулин на барои ҳар бемор зарури мебошад. Табобат бо инсулин ва миқдори онро танҳо мутахассиси ҳирфаӣ бояд таъин намояд. Дар оғоз ба ин беморон парҳез таъин карда мешавад. Ва танҳо дар сурати нокифоя будани парҳез ва дорӯҳои қанд пасткунанда, инсулин таъин карда мешавад.

Нишонаҳои бемории диабети қанд зиёданд. Маъмултарини онҳо иборатанд аз; хушкии доимии даҳон, ҳисси ташнагии шадид (баъзан беморон то чанд литр об истеъмол мекунанд), пешбкунии зиёд, камшавӣ ё баръакс зиёдшавии якбораи вазн, сӯзиш ё хушкии пӯст, майли зиёди пӯст ва бофтаҳои мулоим ба равандҳои зардобӣ, сустии мушакӣ ва арақкунии зиёд, дармони бади ҳар навъ ҷароҳатҳо.

Пайдошудани ин нишонаҳо бояд сабаби ҳатмии муроҷиат ба мутахассис гарданд. Ташхиси сари вақти ва дуруст зомини асосии табобати бо муваффақияти ин беморист. Таҳқиқ бояд ҳирфаи ва дар озмоишгоҳи махсус гузаронида шавад. Озмоишгоҳи Бемористони Ибни Сино яке аз муҳимтарин бахшҳои беморитон ба шумор меравад. Озмоишгоҳ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардида аст ва дар он мутахассисони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ фаъолият мекунанд.Барои бехатарии мизоҷон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, дар озмоишгоҳ танҳо аз васоили якмасраф истифода мебаранд. Нархҳои хизматрасонии озмоишгоҳи бемористон низ аз дигар муасисаҳои табобатии кишвар чандон тафовут надоранд. Бо вуҷуди ин, бемористон ба хотири боз ҳам поин бурдани нархномаи ин бахш бо ташкилоти суғуртавии "Суғурта миллӣ" риштаи ҳамкориро ба роҳ мондааст ва истифода аз барномаҳои ин ташкилот 15 % хароҷоти Шуморо кам мекунанд. Худ ва наздиконатонро суғурта намуда, аз дастовардҳо тибби муосир бо нархҳои арзон истифода намоед.



Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)