Дар Тоҷикистон ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешавад
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ шаш масъули нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанберо боздошт кардаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод, ин афрод “аз вазъи ноустувори бозори асъор истифода карда бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши долларро беасос, худсарона баланд мекардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, боздошти ин нафарон, ки кормандони нуктаҳои мубодилаи асъори “Васлат”, “Азизи молия”, “Вориси замон” ва “Тоҷиксодиротбонк” будаанд, 27 ноябр сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Бонки миллӣ меафзояд, боздоштшудаҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул будаанд: "Дар робита ба беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамал “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кардааст, ки дар асоси он тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд”.
Бонки миллӣ аз ҳамаи шаҳрвандон даъват карда, зарурати ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар муассисаҳои номбурдаи ташкилотҳои қарзӣ анҷом диҳанд. Ин ниҳоди молии кишвар гуфтааст, мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида шуда маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад: “Шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ - корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилотҳои қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд”.
Бонки миллии кишвар яке аз сабабҳои болоравии қурби долларро таъсири омили равонӣ, аз ҷумла муносибат ва рафтори худи шахсони воқеии фурӯшанда ва харидорони асъори хориҷӣ унвон карда, аз сокинон даъват карда, ки “ба овозаю хабарҳо ва маълумоти бардуруғу беасос бовар накарда, дар мубодилаи асъор саросема нашаванд ва оид ба ҳар як ҳолатҳои ҳаннотӣ тавассути рақамҳои телефони боварӣ ва телефони дар нуқтаҳои мубодила мавҷудбуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар диҳанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |