Бахшҳо

Суоли “Озодагон”: Ним соат пеш бурдани дарс мушкили нақлиётро ҳал кард?

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ҷилавгирӣ аз роҳбандон дар ҷодаҳои пойтахт ва беҳбуди мусофиркашонӣ хостори таҷдиди назари оғози соатҳои дарсии донишҷӯёни макотиби олии ҳудуди пойтахт шуд. Вазорати маориф ва илм дар пайи дархости ҳукумати шаҳри Душанбе вақти оғози дарс дар макотиби олии пойтахтро тағйир дод ва ҳоло дарсҳо аз соати 7:30-и субҳ оғоз мешаванд. Дар ҳамин робита “Озодагон” пурсиши ин ҳафтаро чунин матраҳ кард: НИМ СОАТ ПЕШ БУРДАНИ ДАРС МУШКИЛИ НАҚЛИЁТРО ҲАЛ КАРД?

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон

Иқдоми шаҳрдорӣ хело саривақтӣ ва танҳо ба манфиати мардум равона шудааст. Ба фикри ман донишҷӯёни макотиби олӣ аз ин иқдом танҳо бурд мекунанд. Ҳоло аз рўи мушоҳидаҳо тамбашавии нақлиёт кам ба назар мерасад. Донишҷӯён сари вақт ба дарс ҳозир мешаванд. Ин иқдом масъулияти онҳоро дучанд кард.

Хуршед МАВЛОНОВ, донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Ба назари ман чандон хуб нест. Ба донишҷӯи мо дер мондан ба дарсҳо одат шудааст. Дар ҳоле ки донишҷӯён дар соати 8:00 ба дарс дер мемонанд, пас чи ҷои он мондааст, ки дарсро соати 7:30 шурӯъ кунем. Хуб мешуд масъулин дар баробари ба ин низом гузаштан, кори хатсайрҳоро як дараҷа ба вақт мутобиқ гардонанд, зеро дар соати 7, вақте ки мо ба роҳ мебароем, нақлиёт хеле кам аст.

Даврон АХМЕДОВ, омӯзгор

Шурӯъ аз рӯзи душанбеи 16 ноябр дарсҳо аз соати 7:30 дар донишгоҳ, донишкада ва коллеҷҳои ҳудуди пойтахт оғоз шуданд. Дар донишгоҳҳои пойтахт, хусусан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешакӣ ба донишҷӯён оиди тағйироти мазкур корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Аз нигоҳи ман оғоз шудани дарсҳо дар соати 7:30 ҳеч мушкилӣ барои омӯзгорон надорад, вале субҳи барвақт ёфтани нақлиёти ҷамъиятӣ дар роҳҳо душвортар аст ва шояд саривақт ба дарсҳо омадани донишҷўёнро як андоза мушкил кунад. Ба фикри ман, агар чунин тадбирот барои пешгирӣ ва аз байн бурдани тамбашавии мошинҳо дар роҳҳои пойтахт бошад, пеш аз ҳама нисбати масъалаи дар назди истгоҳҳо тӯлони истодани автобусу тролейбусҳо ва дигар васоитаҳои нақлиёт чораҳо андешида шаванд. Зеро аксари вақт нақлиёти ҷамъиятӣ аз аввали хатсайр пур мешаванду баъдан ба роҳ медароянд. Дар чунин ҳолат дар миёнаи роҳ нақлиётҳои ҷамъиятӣ пур меоянд ва муддати зиёд мунтазирашон мемонем.

Талабшоҳи МУҲАББАТ, донишҷуйи соли 5-и ДМТ

Ба фикри ман дар фасли сармо кучонидани оғози дарсҳо ба соати 7:30 ба донишҷӯён мушкили зиёдтар эҷод кард, зеро дар ин вақт рӯзҳо кутоҳанд, донишҷуёне, ки аз навоҳии гирду атрофи шаҳр меоянд, барои онҳо пайдо кардани нақлиёт мушкил аст. Тибқи низоми қаблӣ ҳам бо сабаби норасоии нақлиёт ва дурии роҳ ҳатто донишҷӯёни дохили шаҳр низ 10-15 дақиқа дер мекарданд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 дарсади донишҷӯён дар соати аввали дарсӣ дер мекунанд.

Ҳикматиёр ҲИКМАТЗОД, рӯзноманигори мустақил

Ҳикояти хирсу деҳқон ба хотирам омад, ки ба хотири дӯстӣ ва шафқате, ки дошт мехост пашшаро дар рўи деҳқон бикушад. Наход аз шароити нақлиёт хабардор набошанд? Кадом ронанда соати 6:30 ба кор мебароя? Дар интизори нақлёт одам ба тамоми касалиҳо гирифтор мешавад. Ин тағйирот ҳоли донишчӯёнро бадтар карду беҳтар не.

Холиқназар ҶУМАЕВ, сокини шаҳри Душанбе

Cубҳи 23 ноябр, соати 8:00 аз хона баромадам. Дар берун бо донишҷӯдухтари ҳамсоя, ки дар Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекунад, рӯ ба рӯ шудам. Аз ӯ пурсидам, ки дарс соати 7:30 оғоз меёбад, ту чаро дер рафта истодаӣ? Гуфт: – Ҳамаги 2 рӯз барвақт соати 6:30 баромадам. Нақлиёти мусофирбар камчин аст. Дар баробари ин вақте дар роҳ меистодам, ҳар гуна ронандаҳо мошинашонро наздам доштаву таклифи нишастан мекунанд. Баъзеашон ҳатто ба "не намишинам" гуфтанҳои ман диққат надода, аз пасам мошинро пешу ақиб меронанд ва маҷбур шинондан мехоҳанд. Рости тарсидам ва дигар тасмим гирифтам, ки барвақт набароям ва аз баҳри дарси аввал гузарам. Ба назари ман ин донишҷӯ ҳақ мегуфт ва субҳи брвақт ба кӯча баромадани духтарони ҷавон метавонад ба ҳаёти онҳо таҳдид кунад. Хеле хубтар мешуд, ки дарсҳо ба ҷойи 7:30 ба 8:30 ё 9:00 гузошта шаванд. Зеро бе ин ҳам аз нақли устодҳо маълум мешавад, ки дар соати аввал синфхонаҳо холиянд ва ҳатто 50 дар сади донишҷӯён низ ба дарс ҳозир нашуда истодаанд. Хатто баъзеҳо нақл мекунанд, ки дар аксар ҷойҳо бинобар наомадани донишҷуён соати аввали дарс баргузор намегардад.

Зулфиқори ФОТЕҲ, донишҷӯ

Гарчанде оғози соати дарсҳоро 7:30 карда бошанд, ҳоло ҳам донишҷӯён дер мекунанд. Ба ҷои 7:30 кардан, дар ин шабу рӯз хуб мешуд, ки дарсҳоро ба соати 8:30 ё 9:00 мегузарониданд ва дар фасли тобистон, ки рӯзҳо дароз аст 7:30 мекарданд.
Мӯҳр
Муаллим
Касоне ки дар тарафдории барвақт сар шудани дарс менависанд, ҳамаашон дурӯғ мегӯянд. Ҳам устодон дер мемонанд ва ҳам донишҷӯён. Аҳволи роҳ ҳамоне ки буд, мондааст. Фақат бечора донишҷӯён сарсону саргардон шудаанд. Аксари онҳо ба ҷойи маршруткаҳои яксомона маҷбур мешавад дар таксиҳои сесомона ба дарс равад. Хулоса қарори бемаънӣ!

Салом. Хар бор тасмимхои нодурусту носанчида матрах мегарданд чаро? Ман хамчун як сокини чумхури пешниходмекунам, ки ин гуна масъалахоро пеш аз оне, ки дар як мачлиси пагохии рузи душанбе саросемавор матрах мекунанд инро дар муддати як хафта байни тамоми донишчёни макотиби олии мамлакат матрах кунанд. Мухтарм шахрдории азизи мо ин матлабро уфта бошад ё не ин робарони муассисиахои оилии моро Худо дод. Мухтарма раиси шахр донишчуёро барои тадрис ба соати 7-30 мкаррар кардааст. дар холеки 7/30 машруткахои мо намегарданд то хол ки одам нагиранд.ва соати 7/30 субх ба пураги медамад. 2 Мухтарам Раис донишчуёне, ки аз нохияхои РУДАКИ, ВАХДАТ ва ХИСОР меоянд фикри онхоро накарди . Фикори онхоеро мекуни, ки хонахошон дар назди донишгоххо хастанд. Бо ин кор шумо мухтарам Раис хакки порахуриро аз хисоби НЭНБЕ барои муаллимхо ва замдеканхо ёри кардед.


Дилам ба донишчуёни пойтахт месузад, дар фасли зимистон ба чои он ки огози дарсхо ба кафо партофта шавад, масъулин дарсро аз соати 7:30 шуруъ кардан, амр додаанд. Акнун барои донишчуён бахонаи дигаре барои дер карданашон руи кор омадааст.
Фикр мекунам тагйир додани вакти дарсхои донишчуён, мушкилоти тамбашавии мошинхоро аз байн намебарад

Ана хамин Зулфикори Фотех ба вазифаи вазири маориф арзанда будааст!
Мантики солими фикррони дорад...

Ягон майда!Чихеле буд ана хавай сценария. 8 як проблема! Барои мо студенто мошинои майда 3 сомони дастрас нест!

Odil
Раиси шаҳр ин қарорро нофаҳмида баровардааст.Бояд аввал андеша мекарду баъд мегуфт.Ё тавб ё у ягон бор бо нақлиёти ҷамъиятӣ нарафта бошад.Хуб,ҳоло ҳам бояд биандешад.то муртакиби хатоҳои бештар нашавад.

Швхриёр
Бехтараш ба донишчуен соати 9-00 мекарданд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)