Суруди "Ба пеш, танҳо ба пеш, кишвари дӯстдоштаам - Туркманистон", ки аз ҷониби Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон таҳия шуда, онро дар толор беш аз 4 ҳазор нафар якҷоя сароидаанд, ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ҷаноби Бердимуҳаммадов ин сурудро на ба таври зинда, балки дар шакли сабтшуда иҷро кардааст.
Дар ин замина шабакаи расмии телевизиони Туркманистон хабар додааст. Ин суруд дар толори консертии шаҳри Марв, ки аз сӯи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ (ТУРКСОЙ) дар соли 2015 пойтахти фарҳанги ҷаҳони турк эълом шудааст, садо додааст.
Шайдо Субашӣ - Гемиҷӣ, ки худро дар ин консерт намояндаи Китоби рекордҳои Гиннес муаррифӣ кард, гуфт, ин суруд ба унвони рекорди ҷаҳонӣ дар ин китоб сабт шудааст. Субашӣ - Гемиҷӣ раисиҷумҳури Туркманистонро бо ин дастовард табрик гуфта ва ба ӯ шаҳодатномаи рекорди ҷаҳониро тақдим кардааст.
Аммо масъулони Китоби рекордҳои Гиннес то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин таронаи Бердимуҳаммадов барои кадом ҷанбаи фавқулоддааш рекорди ҷаҳонӣ эълон шудааст. Дар сомонаи расмии Китоби Гиннес низ иттилои расмие дар бораи ҳамчун рекорди ҷаҳонӣ сабти ном шудани таронаи президенти Туркманистон нест.
Мӯҳр