Дарёфти 220 ҳазор дона тамокуи қочоқӣ аз “Дулон”-и Саъдуллоев
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти ронандае хабар медиҳад, ки дар қочоқи тамоку муттаҳам мешавад.
Дафтари матбуоти ин ниҳод дар иттилоияе мегӯяд, дастгиршуда Абдуҷаббор Саъдуллоев буда, аз дохили боркаши “Дулон”-и ӯ дар “Панҷи Поён” 1100 баста тамокуи “ЕССЕ” ёфт шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин миқдор тамокуи истеҳсоли Корея дар махфигоҳи кабина, сандуқи зери бордон ва зери халтаҳои биринҷ дар бордони мошин пинҳон карда шудааст: “Миқдори умумии маҳсулоти тамокугии дарёфтгардида 22 қуттӣ, 11 ҳазор қуттича ва 220 ҳазор донаро ташкил дод”.
Манбаъ меафзояд, “Абдуҷаббор Саъдуллоев мехост маводи мазкурро бидуни назорати гумрукӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд. Нисбат ба ҳодисаи мазкур бо дастрасии моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Қумсангир ирсол шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |