Ҳаракати ҷамъиятӣ дар интернет шарикони ДИИШ-ро меҷӯяд
Намояндаҳои кишварҳои гуногун барои пайдо кардани тарғибгарони воқеии ДИИШ як ҳаракати ҷамъиятӣ таъсис додаанд.
Фаъолон аз панҷ кишвари минтақа – Тоҷикистон, Афғонистон, Украина, Арманистон ва Покистон дар вилояти Липетски Русия барои муайян кардани шарикони ДИИШ ба фаъолият пардохтаанд. Элла, яке аз фаъолони ин ҳаракати ҷамъиятӣ гуфтааст, намояндагони ҳаракат шабонарӯзӣ дар интернет кор карда, шаҳрвандони радикалиро ҷустуҷӯ мекунанд: “Вазифаи мо пайгирӣ кардани шабакаҳои иҷтимоӣ бо таваҷҷуҳ ба таблиғи шаклгирии ДИИШ мебошад, ки шаҳрвандони Русияро мағзшӯӣ мекунанд. Мо ба наворҳое, ки дар онҳо бо яроқу парчам куштор анҷом медиҳанд, шак дорем. Бо ин одамҳо суҳбат мекунем ва дар сурати мавриди шубҳа қарор гирифтан, ӯро ба коршиносони исломӣ месупорем”.
Сергей Черезов, роҳбари ин ҳаракат мегӯяд, онҳо телефони бовариро фаъол кардаанд, ки ҳар шахс метавонад дар ҳолати шубҳа кардан аз ягон нафар ба он занг бизанад: “Ҳар як занг тафтиш карда мешавад”.
Ба гуфтаи вай, дар ҳолати мушкил ё баҳснок дар рафти суҳбат бо шаҳрвандони хориҷӣ одамоне ҷалб мешаванд, ки фарҳанг ва расму оини он кишварро медонанд. Армен Каприилов, як масъули масолили вобаста ба шаҳрвандони Узбекистон мегӯяд, ӯ тайи чандин сол дар Тоҷикистон зиста ва метавонад бо шаҳрвандони ин кишвар забон ёбад: “Солҳои зиёд дар Узбакистон ва Тоҷикистон зиндагӣ намудаам ва бо онҳо суҳбат кардан, бароям содда аст, зеро бо фарҳангу оини онҳо шиносам. Мо кушиш ба харҷ медиҳем, ба онҳо роҳи ростро нишон диҳем”.
Намояндаҳои ҳаракат бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ дошта, дар ҳолати мавриди шубҳа қарор гирифтани ягон нафар, ба пулис хабар медиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |