Бахшҳо

Райиси кумитаи андоз ширкати «Барқи тоҷик» - ро калонтарин қарздор унвон кард

Нусратулло Давлатов, райиси Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, қарзи корхонаю ташкилотҳо аз  андоз, тайи 9 моҳи соли равон дар ҳаҷми 73,1 миллион сомонӣ афзойиш ёфта, аввали моҳи октябр ба 756 миллиону 600 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.


Номбурда зимни ҳисоботаш дар парлумон гуфт, ширкати «Барқи тоҷик» ва НБО –и «Сангтӯда – 1» калонтарин қарздорҳо дар назди андозанд. Давлатов афзуд, ин ду ширкат дар маҷмӯъ аз андоз 429 миллион сомонӣ қарздоранд: «Аз ин 45 миллионаш қарзи НБО – и «Сангтӯда-1» ва боқимонда, 384 миллион сомонӣ қарзи «Барқи тоҷик» аст. Ба гуфтаи ӯ, ҷамъоварии андоз тайи нӯҳ моҳ дар ҷумҳурӣ 2 миллиарду 800 миллион сомониро ташкил додаст, ки аз нақшаи пешбинишуда 115 миллион сомонӣ зиёдтар аст.

Дар баробари ин қайд гардид, ки нақшаи ҷамъоварии 4 намуди андоз дар ҷумҳурӣ таъмин  нагардидаст, ки дар натиҷа буҷети давлат дар нӯҳ моҳ аз 66 миллион сомонӣ маҳрум мондааст.Дар қатори калонтарин қарздорҳо, аз андозҳои ҷорӣ, ширкати «ТАЛКО» бо қарзи 28,7 миллион сомонӣ, ширкати «Барқи тоҷик» бо қарзи 20,6 миллион сомонӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо нишондоди 11,6 миллион сомонӣ ва НБО – и «Сангтӯда-1» бо қарзи 2,5 миллион сомонӣ номбар шуданд.

Ҳамзамон, райиси кумитаи андоз қайд кард, ки айни ҳол ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бекор кардани 100 миллион сомонӣ қарзи андоз омода шуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ ин қарзҳо аз соли 2005 –ум пардохт нашуда, асосан ба ширкатҳое, ки аллакай барҳам хӯрдаанд, тааллуқ доранд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)