Рӯ ба рӯ: Шоҳидӣ, пешниҳод ва падруди номаълум
Нуралӣ ДАВЛАТ
ҚИСМАТИ АВВАЛ
ҚИСМАТИ ДУВУМ
ҚИСМАТИ СЕЮМ
ҚИСМАТИ ЧОРУМ
РАИСИ "РӮ БА РӮ" ШОҲИДӢ МЕДИҲАД
М. Мирраҳимов ба ин иддаои Гурӯҳи матбуотии КБД-и Тоҷикистон дар мавриди он ки ӯ “доираи фаъолияташро вусъат доданисту дар ҷаласаҳои клуби “Рӯ ба рӯ” ширкат карданист”, вокуниш нишон дода, мегӯяд, ки муаллифони ин тӯҳматнома агар каме аз кӯчаи мантиқ мегузаштанд, ин хел ҷумлаҳои по дар ҳаворо наменавиштанд. “Ман дар клуби мубоҳисавии “Рӯ ба рӯ” на ин ки иштирок карданӣ (чӣ хеле ки дар тӯҳматнома овардаанд), балки фаъолона ширкат доштам ва хоҳам кард. Зеро ин клуб ҷои фидоиёни ҳақиқист, на онҳое, ки саҳифаи матбуотро иҷора гирифтаанду сари ҳар вақт дасисае ангехта, худро “равшанфикрони тоҷик” ба қалам медиҳанд”,- таъкид мекунад ӯ.
М. Мирраҳимов ҳамчунон зикр мекунад, ки муҳаррири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” Ҳ. Хушқадамова дар ҷавобаш иқрор шуда, ки дар ягон вохӯрӣ бо хонандагонаш ман иштирок надоштам. Чунин ҷавоб дар “Баённома”-и маҷаллаи “Чашма” низ зикр шудааст.
Нуктае, ки дар иртибот ба М. Мирраҳимов бояд зикр шавад, ин аст, ки аз болои ӯ парвандаи №100 боз гардида, дар он як қатор шоҳидон баёнот дода, ӯро дар миллатгароӣ ва зарурати таъсиси давлати исломӣ дар қаламрави РСС Тоҷикистон айбдор кардаанд. Дар ин парвандаи беш аз 360-саҳифагӣ ду гузориши раиси маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавии “Рӯ ба рӯ” Зафар Саидов низ ҳаст.
Дар гузориши якуми худ раиси масуф менависад, ки баъди чопи мақолаи “То ба кай об аз таги ях меравад?” ӯ хостааст, ки посух навишта, ба баъзе масъалаҳои вобаста ба атеизми илмӣ андешаҳои худро баён дорад, вале М. Мирраҳимов тавассути дӯсташ Д. Атовуллоев, ки дар ҳафтаномаи “Комсомоли Тоҷикистон” кор мекард, аз мақолаи З. Саидов хабар ёфтааст. Ҳангоме, ки З. Саидов варианти ниҳоии мақолаи худро дар идораи рӯзнома мехондааст, М. Мирраҳимов ворид шуда, ӯро таҳдид кардааст, ки аз нашри посухаш худдорӣ варзад, аммо ӯ зери фишор нарафта, посухашро зери унвони “Роҳи дигар нест” рӯзи 31-уми январи соли 1988 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба нашр расонидааст. Дар гузориши дуюми худ З. Саидов зикр мекунад, ки рӯзи 30-юми июни соли 1989 М. Мирраҳимов дар ҷаласаи маҳфили “Рӯ ба рӯ” суханронӣ намуда, гуфтааст, ки бояд мардуми ҷумҳурӣ аз 28 ҳазор нафар сокионони Роғун, ки бояд ба минтақаҳои дигар кӯчонида шаванд, ҳимоя кунад.
Ӯ гӯё ҳамчунин гуфта бошад, ки агар масъалаи Роғун миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати энергетикаи СССР ҳалли худро наёбад, бояд аз фишор болои ҳукумати ҷумҳурӣ истифода шавад ва дар Душанбе ба хотири ҳимояи сокинони Роғун гирдиҳамоӣ ташкил шавад (китоби М. Мирраҳим, - «Рӯзномаи маҳбуси маҳкум ба марг», саҳ. 195-196). Ба қавли З. Саидов, файласуф бо истинод ба мардуми маҳал гуфтааст, ки бояд депутатҳои онҳо С. Муҳаббатова ва М. Қаноат аз Шӯрои олии СССР бозхонд шаванд.
"РӮ БА РӮ" ПЕШНИҲОД МЕКУНАД
Баъди 2 ҳафтаи таъсиси Созмони «Растохез», яъне рӯзи 3-юми октябри соли 1989 мулоқоти навбатии клуби «Рӯ ба рӯ» бо Н. Ҳувайдуллоев, мудири шӯъбаи ҳукуқ ва органҳои маъмурии КМ ПК Тоҷикистон, И. Ҳоҷаев - раиси Суди олии Тоҷикистон, Р. Нуров - раиси комиссияи доимии Шӯрои олии Тоҷикистон, С. Қосимов - узви комиссияи Шӯрои олӣ, мудири кафедраи ДДТ ба номи Ленин ва як гурӯҳ олимони ҳуқуқшинос, ки ба сифати меҳмон даъват шуда буданд, баргузор гардид.
Дар ин мулоқот се санади хеле муҳим - лоиҳаҳои қонунҳои интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва олӣ ва тағйирот ба Қонуни асосии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар мулоқот чанд нафар аз фаъолони маҳфили «Рӯ ба рӯ», аз ҷумла Ҳ. Ҳомидов, номзади илми ҳуқуқ, Ш. Юсуфов, номзади илми фалсафа, номзадҳои илмҳои математика ва физика А. Ғаффоров ва Ҳ. Ҳабибуллоев, номзадҳои илми таърих К. Холиқов, Ш. Имомов ва ходими илмӣ М. Қаноатов фикру мулоҳизаҳои худро иброз дошта, бо далелҳои зиёд нуқсону камбудиҳои онҳоро ошкор карданд. Тавре яке аз фаъолони клуби «Рӯ ба рӯ» Тоҳири Абдуҷаббор дар гузориши муфассали худ дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» менависад, аъзои маҳфил ба чунин натиҷа расиданд, ки лоиҳаҳои қонунҳои интихоботи шӯроҳои маҳаллӣ ва олии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат хом буда, ноқисиҳову тазодҳои ҷиддӣ доранд, зеро бидуни дарназардошти талаботи замон ва принсипҳои бозсозию демократия навишта шудаанд. Аз ин рӯ, аъзои клуби сиёсии «Рӯ ба рӯ» пешниҳод карданд, ки ин лоиҳаҳо бо дарназардошти ақоиду пешниҳодоти мардум, аз ҷумла, пешниҳодоти маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» ҷиддан тағйир ва такмил дода шаванд.
Ба қавли Т. Абдуҷаббор, пешниҳодоти маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» иборат аз чунин бандҳо буд:
1. Раиси Ҷумҳури (Шӯрои олии) Тоҷикистон ва раисони шӯроҳои маҳаллӣ аз тариқи интихоботи ҳамагонӣ ва бевосита интихоб шаванд.
2. Органи олии қудрати давлатӣ - Анҷумани намояндагони мардум (депутатҳо) бошад.
3. Теъдоди вакилони (депутатҳои) Шӯрои олӣ то 300-350 нафар зиёд карда шавад.
4. Аз маҷлисҳои пешазинтихоботии округҳо даст кашида шавад.
5. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла Ҳизби коммунисти Тоҷикистон набояд ҳаққи пешниҳод намудани номзадҳо ва интихоби вакилонро дошта бошанд. Номзадҳо ба депутатӣ танҳо дар маҷлисҳои аҳолӣ, дар маҳаллоти зист ва дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнаткашон пешниҳод шаванд.
6. Пешбинӣ гардад, ки ҳар кас танҳо дар маҳалли сукунати доимии худ дар интихобот ширкат намояд. Ашхоси дар сафар буда ва ё муваққатан ба ҷои дигар рафта намояндагони худро на дар он маҳалле, ки муваққатан будубош доранд, балки дар маҳалли сукунати домии худ интихоб намоянд.
7. Прокурори ҷумҳурӣ дар Анҷумани вакилони мардум интихоб шавад ва фаъолияти ӯ зери назари Шӯрои олии ҷумҳурӣ қарор гирад.
8. Як варианти дигари лоиҳаи Қонуни интихобот тартиб ва мавриди муҳокима қарор дода шавад.
9. Матни лоиҳаи қонунҳо, ки аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума ва чоп шудааст, хеле мубҳаму печида буда, саҳву хатоҳои зиёд дорад. Биноан, лозим аст, ки ҳангоми тартиб додани матни ҷадид ва таҳриру такмилшудаи лоиҳаҳои қонун нуқсонҳои мавҷуда аз байн бурда шаванд ва матни лоиҳаҳо беғалату фаҳмо навишта шаванд ва ғ.
Чунон ки Т. Абдуҷаббор дар ин гузориш зикр мекунад, меҳмонони ба маҳфил даъватшуда ба мулоҳизаҳои аъзои «Рӯ ба рӯ» мувофиқ будани худро иброз намуда, бо қанотмандӣ изҳор доштанд, ки сӯҳбат бо онҳо барояшон хеле муфид воқеъ шудааст. Бинобар ин, тамоми пешниҳодҳои ироашударо бо диққат баррасӣ намуда, мавриди назар мегиранд.
ПАДРУДИ НОМАЪЛУМИ "РӮ БА РӮ"
Охирин мулоқоти аъзои клуби «Рӯ ба рӯ» ҳам иртибот дошт бо интихоботи Шӯрои олӣ, ки рӯзи 18-уми январи соли 1990 доир гардид. Дар ин мубоҳиса раиси Комиссия умумихалқии интихобот оид ба интихоботи депутатҳои халқи РСС Тоҷикистон И.Ф. Дедов, мудири шӯбаи органҳои маъмурии КМ ҲКТ Н. Ҳувайдуллоев ва вазири адлияи ҷумҳурӣ Ш. Мамудов ширкат карданд. Дар ин мулоқот зикр гардид, ки идораҳои давлатӣ мекӯанд, ки дар интихобот асосан намояндагони Ҳизби коммунистро роҳ диҳанд. М. Мирраҳимов ва Н. Амонӣ дар мулоқот суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки дар ноҳияҳои Ғарм ва Ашт дастгоҳи ҳизб кӯшиш дорад, ки ба ҷои У. Ҳасанов ва Т. Абдуҷаббор, раиси созмони Растохез дигарон номнавис шаванд. Ҳамчунин дар ин мулоқот эълон шуд, ки номзади донишҷӯён, котиби маҳфили сиёсии «Рӯ ба рӯ» Ҷ. Исоев ба таъқиб тазийқ гирифтор шудааст. Афроди номаълум ба телефонаш занг зада, ӯро таҳдид мекунанд. Дар ҷои кораш ҳам кофтукоби ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Дар натиҷа ӯ бемори бистарӣ шудааст.
Азбаски даҳаи сеюми моҳи январ донишҷуён имтиҳонҳои худро тамом карда, то анҷои даҳаи якуми моҳи феврал ба хонаҳояшон, яъне ба ноҳияҳову деҳаҳо бармегаштанд, клуби «Рӯ ба рӯ» ҷаласаи навбатии худро рӯзи 12 –уми феврали соли 1990 эълон кард. Аммо дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе воқеоти хунини баҳманмоҳи хунин сар зад ва ҷаласаи охирини нахустин маҳфили сиёсӣ-мубоҳисавӣ баргузор нагардид ва бо ҳамин «Рӯ ба рӯ» пароканда шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |