Пешниҳод: Эмомалӣ Раҳмон президенти якумрӣ шавад
Ҳикматулло Насриддинов, ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта пешниҳод кардааст, Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамеша раисиҷумҳури Тоҷикистон бимонад.
Ба бовари Насриддинов, ин пешниҳод бояд дар тарҳи қонуни "Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат" ворид шавад. Ӯ муътақид аст, имрӯз дар баробари Эмомалӣ Раҳмон пайдо кардани нафари арзанда барои президентӣ номумкин аст. Хабаргузории "Азия плюс" аз қавли ин сиёсатшинос гуфтааст: “Ба ин тартиб, Тоҷикистон аз гузаронидани интихоботҳо бениёз мешавад ва барои роҳандозии ин маъракаҳо маблағ сарф намегардад”.
Оқои Насриддинов аввоили моҳи сентябр дар як мусоҳиба бо ин хабаргузорӣ пешниҳод кард, нимпайкараи Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гузошта ва ба ӯ дубора унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шавад.
Пешниҳоди раисиҷумҳури якумрии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешниҳод карданд, Эмомалӣ Раҳмон унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро бигирад.
Чанд рӯз қабл, Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ дар матлабе таъкид кард, “мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”. Ӯ афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |