Бахшҳо

Баррасии лоиҳаи қонун, ки ба худдорӣ аз номгузории бегона таъкид мекунад

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ лоиҳаи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро баррасӣ намуд, ки яке аз ҳадафҳои ин тарҳ номгузорӣ дар асоси фарҳанги миллӣ ва худдорӣ аз номгузории бегона гуфта мешавад.

Ҳилолбӣ Қурбонова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гуфтааст, лоиҳам мазкур бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз байн бурдани баъзе номутобиқатиҳои дохилӣ мебошад. Ӯ яке аз мақсадҳои дигари тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро “ба танзим даровардани номгузории ба пояҳои таърихӣ ва фарҳангии миллии тоҷикӣ асосёфта ва худдорӣ намудан аз номгузории бегона” арзёбӣ кардааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз қабили масъалаҳои дигаре буд, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Манбаъ мегӯяд, аъзои Шӯро ҳамчунин лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”, дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷинояти Тоҷикистон, лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон барои соли 2016, Созишнома оид ба маблағгузорӣ ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, Созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ғайраро мавриди муҳокима қарор додаанд.
Мӯҳр
Хоркаш
Давлат ба номгузории мардум чи дошта бошад?
Дар асоси кадом банди консутитуция?
Ё дигар мушкили намондааст барои халлу фасл намудан?

Мардумро бо барк, гарми, чои кор таъмин кунед, баъд номгузориро "ба танзим" дароред.

Аз депутатхо пурсиданиям, ки кай конун дар бораи пешвои миллатро ба баррасии умум мегузоред? Ё конуни чавобгарии падару модар ва танзими анъана барои хокпоши ба чашми созмонхои байналмилали буду хаммааш гузашт? Фаромуш накунед ки хастанд нафароне ки ин хамаро бунболагири мекунанд. Барои хамин аз ин корхои бехудаатон дида бехтараша хамон конуни пешво ё "пешпо" миллатро ба баррасии умум гузоред ва мебинед ки мардум чихо хохад гуфт.

Икром
пурра ҳамфикрам
кани ҳуқуқи инсон?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)