Боздошти ду ҷавоне, ки марди афғонро латту кӯб кардаанд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми авбошӣ ва ғоратгарӣ ду сокини шаҳри Ваҳдат боздошт шудаанд.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, ин ҷавонҳо, ки яке 21 ва дигарӣ 35 сол доранд, дар пайи шикояти як марди 45-солаи миллаташ афғон ва истиқоматкунандаи кӯчаи Рӯдакии шаҳри Ваҳдат дастгир шудаанд. Ба қавли ин нафар, “рӯзи 19 ноябр тахминан соати 20:30 шахсони номаълум дар назди хонаи истиқоматиаш ӯро бе ягон асос латту кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 3000 сомонӣ ва 2 телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Ба иттилои ВУД, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |