(ВИДЕО+САДО) Ҷонибек Муродов: Таронаи Олонро пеш аз қазияи Умаралӣ хонда будам
Ҷонибек Муродов, хонандаи саршиноси попи тоҷик дар бораи Олон Курдӣ, тифли сесолаи гуреза, ки ҷасади беҷонаш аз соҳили рудхонаи Туркия пайдо шуд, тарона иҷро кардааст.
Ин суруд, “Айлон” унвон дошта, матни он ба қалами шоир Озарахш таалуқ дорад ва ба он Даврони Раҳматзод оҳанг бастааст.
Таронаи мазкур дар саҳифаи “Тамошо” дар Ютуб рӯзи 28 ноябр гузошта шудааст ва то замони нашри ин хабар он 2600 маротиба тамошо шудааст. Навори ин тарона бо аксҳои Олон, ки тамоми интернетро такон дода буд, оғоз шуда, аммо идомаи он манзараҳои ҷанг дар Сурия ва аҳволи мардуми азияткашидаи гуреза нишон дода мешавад.
Зери он шарҳҳои зиёд низ навишта шудаанд ва бештари онҳо барои ин тарона аз Ҷонибек изҳори сипос кардаанд. Масалан, Масрур менависад, ки “Саломат бош, Ҷонибек”. Нафари дигар гуфта, “офарин, воқеан таъсиргузор”. Акмал менависад: “Оби чашмам рехт мисли дарё”. Аммо нафароне ҳам гуфтаанд, ки беҳтар буд, Ҷонибек дар бораи Умаралии панҷмоҳа, ки дар Русия ба таври мармуз фавтид, тарона мехонд. Абад Абадӣ яке аз онҳост, ки навиштааст: “Мо мардуми тоҷик бегонапарвару худкуш ҳастем, дар ҳақиқат мусибати Айлани Курд мусибати ҷаҳонӣ ҳаст, дар ин мусибат мо шарикем, лекин Умари панҷмоҳа дар Питер русҳо куштан ҳамаат хап будед-ку сИТОРАҲОИ тоҷик, оё барои шУМО марги Умари тоҷик мусибат нест?? Умари тоҷик Айлани Курд ҳаст, аввалан чунин навори видео нисбати Умари тоҷик таёр мекардед”.
Умаралӣ баъди он ба ҳалокат расид, ки ӯро аз модараш ҷудо карданд.
Ҷонибек Муродов имрӯз, 30 ноябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, таронаи мазкур хеле пештар, қабл аз қазияи Умаралии панҷмоҳа сабт шуда буд. Ӯ, ки аз Маскав суҳбат мекард, гуфт, вақте ҷасади Олон пайдо шуд ва тамоми ҷаҳон дар ин бора ҳарф мезад, “ду шаб пайи ҳам Олонро дар хоб дидам. Тасмим гирифтам, ки дар бораи ӯ таронае таҳия кунам. Матни онро Озарахш зуд навишт ва Даврон оҳангашро омода кард”.
Ба гуфтаи Ҷонибек, тарона барвақт таҳия шуд ва хост, қабл аз соли нав онро пешниҳод кунад, то “мардум ба қадри тинҷиву осоиштагӣ ва рӯзҳои ором бирасанд”.
Овозхони тоҷик афзуд, медонист, ки атрофи таронаи мазкур вокунишҳо зиёд мешавад: “Мутаасифона мардуми мо чизи хубро хуб намегӯяд”. Дар мавриди таҳияи таронае дар бораи Умаралии панҷмоҳа изҳор дошт, “ман роҳро боз кардам. Санъаткорони зиёд дорем, бигзор онҳо танҳо сурудҳои ошиқӣ нахонанду таронаҳои тарбиявӣ хонанд. Масалан ягон кас дар бораи Умаралӣ суруд бихонад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |