"Қарз дода намешавад!"

Азизи НАҚИБЗОД
“Нася дода намешавад!” ё “Қарз дода намешавад!”. Шумо ин навиштаҷотро дар мағозаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва деҳоти кишвар боре мутаваҷҷеҳ шудаед? Оё рӯи ин навиштаҷоти оддӣ боре андеша кардаед?
Чунин навиштаҷотро ман борҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон дидаам. Мисли бисёриҳо сахт аҳамият намедодам то рӯзҳое, ки фурӯшандае ба духтараки 8-9 солае гуфт, ба модарат гӯй ки аз ин пас туро бидуни пул ба мағоза нафиристад, қарзаш аз 300 сомонӣ гузашт. Ва рузи дигар ҳам кампиракеро гуфт: “Хола, дигар бас аст охир, қарзатон аз 700 сомонӣ убур кард. Мо ҳам мушкилоти зиёд дорем, молро бо пули нақд мехарем, иҷора, андоз боз сад мушкили дигар. То кай интизор шавем, ки писарони ту пул фиристанд!”
Ҳолати ун духтарак ва ин кампирро агар Шумо медидед…
Агар онҳо пул медоштанд, агар маҷбур намебуданд, ҳич гоҳ чунин хориро ба худ раво намедиданд. Дилам барои ҳардуяшон реш шуд.
Ба фурӯшанда бо вуҷуди сахтгӯиаш ба эҳтиёҷмандон гуфтам: - Дастат дард накунад! Ман туро дарк мекунам, ки гуфти худат сад мушкил дорӣ, вале бо вуҷуди ин ба даҳҳо нафар хӯроквории нася медиҳӣ!
Ҳоло дарк кардед, ки ин навиштаҷот як ҳарфи хушку холие нест. Ин навиштаҷот аз дарду ранҷи модарони интизори фарзанду шавҳар ва кӯдакони дар фироқи падар буда мегӯяд. Аз ҳоли асафбори иҷтимоъ ҳарф мезанад.
Вақте ки дар хонаҳои эшон дигар ҳиччӣ боқӣ намемонад, ноилоҷ рӯи ниёз ба мағозаҳо меоранд.
Ва фурӯшандаҳое, ки ба ҳоҷатмандон моли нася медиҳанд, таваккал мекунанд. Ин маблағ кай аз Русия меояд, шояд аслан намеояд. Вале ба ҳар ҳол мегӯем: Худо хайрашон диҳад!
Агар инҳо ҳам нася надиҳанд, дармондагон пеши кӣ мераванд?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |