Райиси ҳукумати ноҳияи Дарвоз аз мансаб сабукдӯш гардид.
Тибқи фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 18 майи соли 2011 Саидалӣ Мусофиров аз симматаш барканор гардида, дар асоси фармони дигари сарвари давлат Назриев Шамсмуҳаммад Гулмуҳаммадович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Маврид ба ёдоварист, Шамсмуҳаммад Назриев то имрӯз вазифаи сардори идораи «Бадахшонроҳ»-и ВМКБ-ро ба ӯҳда дошт. Ӯ соли 1962 дар маркази ноҳияи Дарвоз- шаҳраки Қалъаи Хумб ба дунё омада, хатмкардаи донишкадаи политехникии Тоҷикистон, факултаи сохтмон ва меъморӣ аст.
Мӯҳр