Ронандаи ноболиғи фирорӣ боздошт шудааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ронандаи ноболиғи фирорӣ хабар дод.
Аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки рӯзи 27 ноябр ҷавони 15-солаи сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Ҷомӣ ба самти кӯчаи Фирдавсии пойтахт, суръати воситаи нақлиётро баланд намуда, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумиро пахш кардаву аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.
Манбаъ мегӯяд, “дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ, сокини шаҳри Душанбе ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта, баъди чор соат дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Ба иттилои ВУД, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони пулис ронандаи фирорӣ, ки хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти умумӣ будааст, дастгир намуданд: “Тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |