А.Раҳнамо: Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат...

Абдулло Раҳнамо, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфтааст, пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон на як мансаб ё унвон, балки як ҷойгоҳ, нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст.
Оқои Раҳнамо ин нуктаро дар як матлаб зикр карда, мегӯяд, бо таваҷҷуҳ ба ин пешвои миллӣ будани раисиҷумҳур мавзӯи савол ва баҳс нест, балки як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист. Дар матлаби ин корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки хабаргузории давлатии “Ховар” онро нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад”.
Ӯ бо ишора ба ин нукта таъқид карда, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад: “Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд”.
Ба қавли Абдулло Раҳнамо, “ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан”.
Ҷаноби Раҳнамо масъалаи пешвои миллиро як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ хонда, таъкид кардааст, онро “набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт”.
Ба бовари ин сиёсатшиноси тоҷик: “Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад”.
Ӯ дар идома афзуда, пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст. Ба таъкиди Абдулло Раҳнамо, “набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи кӯҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад”.
Ба гуфтаи вай, дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Раҳнамо шахсиятҳое чун Ҷорҷ Вашингтон, Шарл Де-Голл, Мао Зе Дун ва Камол Отатуркро мисоли пешвои миллӣ донистааст.
Абдулло Раҳнамо ба ҳодисаҳои солҳои 90-ум ишора карда, гуфтааст, ҷомеаи мо он замон ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ рӯ ба рӯ гашта буд ва ҳар як гуруҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гуруҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, “дар айни замон, ин “пешвоён” ҳамдигарро умуман эътироф намекарданд”.
Муаллифи матлаб дар нуктаи дигар зикр карда, ки масъалаи лидери сиёсии миллат бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Ба қавли Раҳнамо миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем. Ӯ ташаккули чунин падидаро дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир донистааст.
Абдулло Раҳнамо поягузорӣ намудани мактаби давлатдории миллиро яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ баршумурда навиштааст: “Чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд”.
Ӯ бунёдгузории давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёдро дастоварди бисёр ҳаётии Эмомалӣ Раҳмон хонда, онро “ғояи меҳварӣ” дар “хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон” дар соли 1994 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон донистааст.
Пешниҳоди ба раисиҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон додани унвони расмии “пешвои миллӣ”-ро моҳи апрели соли равон Носир Салимӣ, раҳбари Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва Холмаҳмад Самеъ, декани факултаи равобити байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон карда буданд. Аммо Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми кишвар пешниҳодҳо дар бораи расман "пешвои миллат" номидани оқои Раҳмонро хилофи арзишҳои як кишвари демократӣ номид. Ин марказ бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "пешво одатан дар низомҳои қабилавӣ, шоҳигарӣ ва теократӣ мешавад, на дар ҷомеаи демократӣ".
Аммо ахиран, ибораи “пешвои миллат” бар баробари номи Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба аз телевизионҳои давлатӣ садо дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |