6 солу ҳашт моҳ ҳукми як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия
Додгоҳи ноҳияи Левобережи Воронеж як шаҳрванди Тоҷикистон дар интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми калон муҷрим шинохта барои шаш солу ҳашт моҳ равонаи зиндони низомаш шадид кардааст.
Дафтари матбуоти Раёсати хадамоти федеролии амнияти Воронеж аз ин табааи Тоҷикистон Парвиз Самандаров ном бурда, гуфтааст, 22 сол дорад ва дар ягонҷо расман кор намекардааст. Ба иттилои манбаъ, Самандаров моҳи январи соли равон аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии амният боздошт шуда, аз ӯ беш аз ду кило ҳероин ёфт ва мусодира гардид. Ин миқдор маводи мухаддир дар бозори “сиёҳ” беш аз 1,5 миллион рубл арзиш доштааст: “Ин ҷавон маводи нашъадорро тавассути ҳамватанҳояш аз Афғонистон ба Воронеж интиқол медодааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |