Дастгир шудани се зан бо гумони дуздии 6000 сомонӣ дар бозори “Корвон”
Се зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе аз сӯи кормандони пулис боздошт шудаанд.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ин се хонум дар пайи шикояти як зани 31-солаи сокини Душанбе дастгир шудаанд. Ба иттилои манбаъ, ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 31-солаи сокини Душанбе муроҷиат намуда, гуфтааст, “рӯзи 18 ноябр тахминан соати 12:00 дар бозори “Корвон”, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз ҳамёнаш, ки дар дохили он 600 доллари амрикоӣ, 500 сомонӣ ва 3 телефони мобилӣ буд, ҷамъ ба маблағи умумии 6000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
ВКД мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони пулис ҷавондухтари 19-сола, зани 33-сола, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт намудаанд: “Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |