Ҳамсӯҳбатамон афзуд, дастаи «Истиқлол» яке аз беҳтарин тимҳои футболи Тоҷикистон дар солҳои охир маҳсуб мегардад. «Мо хуб медонем, ки ҳарифи мо дастаи пурқувват аст, дар ҳайати он қариб тамоми бозигарони дастаи мунтахаби кишвар бозӣ мекунанд, аммо мо ҳам тайёрии ҷиддӣ дида истодаем ва ба ҳайати команда бозигарони таҷрибадорро даъват кардаем».
Сармураббии дастаи «Регар-ТадАз» ҳамчунин гуфт, тайи 3-4 соли охир дастаи мо ба бозиҳои финалии Ҷоми Тоҷикистон роҳхат нагирифта буд, алъон дар назди худ вазифа гузоштем, ки танҳо барои пирӯзӣ ба майдон мебароем. Ҳабибуллоев гуфт: «Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷом аз як давр иборат аст, аз ин рӯ доваронро зарур аст, ки дар ҷараёни он ба иштибоҳ роҳ надиҳанд».
Ёдрас менамоем, бозии ниҳоӣ пагоҳ- 26-уми октябр, соати 14:00 дар варзишгоҳи «Пахтакор» сурат мегирад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |