Бахшҳо

Даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо

Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир кардани фатво ҳамаи амалҳои равияи “Салафия”-ро хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ хонда, пайравӣ намудан аз ин равияро ноҷоиз донистааст. Ин ниҳод гуфта, “Салафия” мардумро ба гумроҳӣ бурда, боиси эҷоди фитна дар байни мусулмонон ва ноамнии кишвар мегардад.

Ин фатво дар торнамои расмии Шӯрои уламо нашр шуда, дар он гуфта мешавад, шомил шудани ҷавонони Тоҷикистон ба равияи “Салафия” ва пайравӣ аз он пайравӣ аз ҳавои нафс буда, боиси ривоҷи бемазҳабӣ дар кишвар мегардад, дар ҳоле ки аксарияти мардуми кишвар пайрави мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд: “Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ, ки аксари мамолики исломӣ ба ҷангу ноамниҳои дохилӣ гирифторанд, яке аз омилҳои асосӣ барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад”.

Дар идома Шӯрои уламо равияи “Салафия”-ро дорои ақидаи террористӣ хонда мегӯяд, “дар натиҷаи паҳншавии равияи мазкур чандин кишварҳои ободу ором вайрону валангор гаштанд ва садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ваҳшиёна ба қатл расонда шуданд”.

Ин ниҳод таъкид намуда, ки тарғиби ақидаи “Салафия” – тарғиби терроризм дар ақсои олам буда, сабаби бадном шудани дини мубини Ислом мебошад: “Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки бо пайравони “Салафия” муборизаи беамон бурда, ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд. Зеро мазҳаби аҷдодии мо 1300 сол инҷониб роиҷ буда, мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст мебошад. Ин мазҳабест, ки дар тӯли ҳазорсолаи охир аз ҷониби тамоми уламои кибор назарсанҷӣ шуда, ҳама бар бузургии Имоми Аъзам иттифоқ кардаанд”.

Дар матлабе, ки Шӯрои уламо нашр кардааст, гуфта мешавад, пайравони “Салафия” дар масҷиду маҳфилҳо корҳои таблиғотӣ бурда, мазҳаби моро таҳқир ва пайравони онро бидъаткор мехонанд, бо уламои суннатӣ баҳсҳо доир намуда, кушиш мекунанд дар байни мардум афзалият ва бартарии равияи “Салафия”-ро тарғиб кунанд: “Баъзе ҷавонони зудбовар ва аз таълимоти мазҳабӣ бехабар, ба даъвату гуфтори “салафиён” бовар карда, ғолибан кӯр-кӯрона ба онҳо тақлид мекунанд. Дар натиҷа чандин гурӯҳҳое ташкил шуданд, ки дар ибодат, тарзи либоспӯшӣ, одобу рафтор аз мусулмонони ҳанафимазҳаб фарқ мекунанд. Чунин гурӯҳҳо дар муомила бо мардум дуруштхӯ буда, дар масҷидҳо намоишкорона суннат намехонанд”.

Дар идомаи матлаб омадааст, “куштор, ғоратгарӣ, одамсӯзӣ ва тамоми даҳшати Сурия, Ироқ, Афғонистону Покистон натиҷаи фаъолияти Салафия аст. Маҳз Салафия бо тарғиби бемазҳабӣ, такфири мусулмонон, ҷорӣ намудани ақидаи тундрав чандин кишварҳои ободу оромро ба вартаи ҷанг кашида, имрӯз мехоҳад дар Тоҷикистон низ ҳамин равияро ҷорӣ созад. Салафия дар ҳар давру замон шаклашро иваз намуда, мехоҳад худро дар байни мардум ҷой кунад, фардо алайҳи давлату ҳукумат қиём намояд ва мардумро бо шиорҳои сохтаи дурӯғини исломӣ барангезад. Масалан, аъзоёни ДИИШ пурра пайрави Салафия буда, қариб буд, Сурияву Ироқро аз байн баранд, зеро дар ақидаи салафия мафҳумҳои ватан, миллат, урфу одат, қиёсу истеҳсон вуҷуд надорад. Салафия падидаест, ки аз дини мубини Ислом истифода бурда, миллатҳоро несту нобуд ва давлатҳоро ба фано мебарад”.

Шӯрои уламо мегӯяд, ҷавонони салафимаоби тоҷик, ки айни ҳол дар Сурияву Ироқ меҷанганд, вақте ба Тоҷикистон баргарданд, ҳатман ватани моро ноором мекунанд: “Барояшон муҳим нест, ки киро мекушанд, модари тоҷик ё кӯдаки ширхорро? Дар камтарин муддат Тоҷикистонро ба Сурияву Ироқ, Яману Афғонистон мубаддал мекунанд. Зеро натиҷаи таълимоти Салафия чунин аст. Бинобар ин фирефтаи дурӯғу сафсата набояд шуд”.

Моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти равияи "Салафия"-ро дар кишвар манъ карда, моҳи декабри соли 2014 онро “экстремистӣ” эълон кард.
Мӯҳр
Муаллим
Чӣ хел салафиҳоро фарқ кунем. Ягон аломат ё рафторе ҳаст ки собит кунад ки фалонӣ салафист, то аз ӯ канорагирӣ кунем?

Ки будани Салафия() Масхаби Ханафияро Бо Шиа Чанг андохтан Ту кофир ин Мусалмон гуфта Фитна пайдо мешавад.. Баъд Чавои Гумрох Акидашон Вайрон мешавад.. баъд Фикр мекунанд,ки Исломи Хакики дар Сурия аст.Инро мегуянд Салафия. Мусалмони аз бохабар бошад.Бояд Ехтиро байни масхабо дошта бошад Сунни-Шиа -Масехи хар кадом масхабе бошад.
мо бояд нисбати Онхо Ехтиром дошта бошед.
Дар ин холат Чангу куштор дигар намешавад

Ханафи
Ассалому алайкум! Тарики шинохти салихои имрузу вахобихои дируз, аз чумла чунин аст, дуои дастачамъиро баъди назхо, курон хондан болои кабр,пеши касе хестан ба хотир ихтиром,аз осори бузургон табаррук чустан, Ё Расулаллох (с) гуфта нодо кардан ,таъна ва айбчуи бар бузургони гузашта кардан ва гайра хамаи ин корхоро бадъат ва ширку харом гуфта кунандаашро кофир ва мушрик хукм мекунанд. Боки вассалом!!

Гарибшох
Саволам ба Ханафи.
Хамин гуфтахои шумо, дар асл бояд, чи хел бошад? Хохиш мекунам чавобатонро бо факту далел нависед то, ки мо гумрох нашавем.

хуб мешуд ин мубориза алайҳи дигар мазоҳиб низ мебуд.хатарноктар аз равияи "Салафия" Мазҳаби шиа мебошад,ки дар мантақа реша давондааст ва самараашро имрузҳо дар сурия,Ароқ,ва яман ва дигар манотиқи ҷаҳон низ мебинем.... яке аз омилҳои асли бавуҷуд омадани дойиш ихтилофоти мазҳаби мебошад..........

ali
Ин озодагон паёмхои моро хеч ба нашр намеорад

Asalomu alaykum ba hama barodaroni musalmon va Ahli sunat vsljamoa behtarin davat

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)