Додгоҳ Фариддуни Хуршедро 4 400 сомонӣ ҷарима баст
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Фариддуни Хуршед, овозхони маъруфи тоҷикро барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллӣ 4 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин бора ба "Озодагон" аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, ки Фариддуни Хуршед дар нақзи моддаи 9-и қонун дар бораи танзим гунаҳкор дониста шуд: "Зеро гаҳворабандон бояд дар доираи оила ҷашн гирифта шавад, на дар тарабхона".
Парванда алайҳи Фариддуни Хуршед, шавҳари Фарзонаи Хуршед, сарояндаи шинохтаи тоҷикро Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ барои баргузории маросими гаҳворабандони духтарашон Закия дар тарабхона таҳия кардааст.
Қаблан Шоираи Раҳимҷон, рӯзноманигори тоҷик аксҳо аз маросими гаҳворабандони Закия, духтари Фариддун ва Фарзонаи Хуршедро дар сафҳаи фейсбукияш нашр карда, дар шарҳи он изҳор дошт, ки маҳфили гаҳворабандон якҷоя бо хатнатӯйи Умед Негматов гузаронда шудааст. Дар пайи нашри аксҳо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои кишвар Фариддуну Фарзонаи Хуршедро дар нақзи қонуни танзим муттаҳам кард, чун тибқи қонун гузарондани гаҳворабандон дар тарабхона манъ аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |