Путин сарнагун шудани ҳавопаймои русиро “зарба аз пушт” хондааст
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, сарнагун шудани ҳавопаймои ҷангии кишварашро “ханҷар задан аз пушт” унвон карда гуфтааст, он кори дасти “шарикони террористон” аст. Ӯ ҳушдор дода, ин қазия барои равобити Русия ва Туркия “оқибатҳои ҷиддӣ” хоҳад дошт. Ин нуктаро Путин 24 ноябр дар дидор бо Малик Абудуллоҳи II, подшоҳи Урдун изҳор доштааст.
Ҷангандаҳои Туркия дирӯз, 24 ноябр ҳавопаймои ҷангандаи “СУ 24”-и Русияро дар марзи Сурияву Туркия сарнагун карданд. Туркия мегӯяд, ду ҳавопаймои Русия ҳарими ҳавоии ин кишварро нақз ва ба ҳушдорҳои онҳо бетаваҷҷуҳӣ кардаанд.
Владимир Путин дар ин дидор таъкид карда, "Русия ҳамеша ба Туркия на ҳамчун ҳамсояи наздик, балки ба ҳайси кишвари дӯст муносибат кардааст”.
Раисиҷумҳури Русия дар идома афзуда, ҳавопаймои сарнагуншудаи кишвараш дар чаҳоркилометрии хоки Сурия афтодааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо замоне мавриди ҳадафи мушакҳои ҳавоии ҷангандаи Туркия қарор гирифт, ки як километр аз марзи Туркия фосила дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |