40 сомонӣ-фарқ байни қурби ошкору пинҳони $ дар Душанбе
Як доллари амрикоӣ, ки арзишаш дар лавҳаи саррофиҳои шаҳри Душанбе 6,75-6,77 сомонӣ нишон дода шудааст, амалан ба ивази 7,15 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Хабарнигори “Озодагон” имрӯз, 25 ноябр зимни боздид аз нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт дар маркази Душанбе муайян намуд, ки саррофон як долларро ба ивази 7,05 сомонӣ харида, 7,10-7,15 сомонӣ мефурӯшанд.
Ин дар ҳолест, ки одатан саррофон қурби долларро дар пайи поёнравии қурби рубл боло мебурданд. Аммо тайи як ҳафтаи охир қурби рубл низ поён нарафта, баръакс боло рафтааст. Аз ҷумла 1000 рубли русӣ, ки ҳафтаи қаблӣ ба 103-105 сомонӣ баробар буд, имрӯз дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт ба 106-108 сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан Бонки Миллии Тоҷикистон, ки қурби долларро дар бозори нақди кишвар худаш муайян мекард, эълон намуд, ки аз 26 октябри соли 2015 қурби долларро боз худи ташкилотҳои қарзӣ муайян мекунанд. Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон иброз намуд, ки вазъи бозори нақдӣ ва фаъолияти муассисаҳои бонкиро, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғуланд, ҳамарӯза назорат хоҳад кард: “Дар ҳолатҳои ҳаннотӣ ва аз ҷониби онҳо беасос баланд кардани қурб, алайҳашон дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чораҳои қатъии таъсиррасонӣ андешида хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |