Парлумон иҷозатномаи чорво барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгардро бекор кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 25 ноябр бо қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ 5 намуди ҳуҷҷатҳоро бекор кард.
Толиббек Бухориев, вакили парлумони Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тибқи тағйироти нав 5 намуди ҳуҷҷат аз низоми иҷозатдиҳӣ лағв карда шуданд. Бухориев қатори ҳуҷҷатҳои бекоршуда, аз ҷумла шаҳодатномаи тахассуси аудити экологӣ, хулоса барои кушодани роҳҳои муассисавӣ ва хусусӣ барои истифодаи умум, ҳуҷҷати мувофиқакунӣ барои рондани чорво ба воситаи роҳҳои автомобилгард, мувофиқакунӣ барои ченкунӣ ва наворгирӣ зери пулҳо ва дарёҳоро номбар кард.
Ӯ афзуд, тағйироти мазкур ба сабукӣ барои соҳибкорон ва рушди ин соҳа равона шудаанд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин ду-се сабукӣ барои соҳибкорон муассир нахоҳанд буд ва талошҳо дар ин самт бояд густариш ёбанд. Ӯ аз ҷумла даводави зиёду андози гаронро мушкили соҳибкорон хонда, илова намуд, ки бояд талошҳо барои осон кардани соҳибкорӣ дар кишвар густариш ёбанд.
Зимни ҷаласаи парлумон зикр гардид, ки феълан дар низоми иҷозатдиҳии кишвар 72 намуди ҳуҷҷатҳо пешбинӣ шудаанд ва дар назар аст, ки ин теъдод дар оянда то 50 адад кам карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |