Толибон болгарди низомии Афғонистонро водор ба фуруди изтирорӣ кардаанд
Толибон як болгардро дар шимоли Афғонистон ҳадаф қарор доданд. Мақомоти амниятии Афғонистон эълом карданд, ки асри дирӯз 24 ноябр як болгард бо 21 сарнишин маҷбур ба фуруди изтирорӣ дар минтақаи Паштункути вилояти Форёб шуд. Минтақае, ки болгард дар он фуруд омадааст, таҳти контроли Толибон аст.
Дар ҳамин ҳол сокинони минтақаи Паштункут ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки ин болгард бар асари шилики Толибон маҷбур ба фуруди изтирорӣ шудааст.
Аммо, Сайидоқо Соқиб, фармондеҳи пулиси Форёб ба хабаргузории “Reuters” гуфтааст, ки мушаххас нест ин болгард чаро маҷбур ба нишасти изтирорӣ шудааст. Ӯ нишасти изтирории болгарди артиши миллии Афғонистонро таъйид карда, афзудааст, ки дар пайи он 13 сарбози афғон ба асорати Толибон афтодаанд.
Форёб аз вилоятҳои шимолии Афғонистон аст, ки Толибон дар як соли ахир манотиқи мухталифи онро ҳадафи ҳамалоти худ қарор додаанд. Ҳарчанд Абдулрашид Дустум, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон ҳамалотеро ба манзури поксозии ин вилоят анҷом дод, аммо Толибон ҳамчунон дар ин вилоят ҳузур доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |