Ҳуқуқшиноси “Тоҷиккино”: Агар 10 раҳбари дигар иваз шавад ҳам...

Бархе фиттафурӯшон мегӯянд, масъулини “Тоҷиккино” бо ҳар баҳона аз онҳо пул меситонанд. Иддаое, ки “Тоҷиккино” рад мекунад.
Чанде аз фиттафурӯшон аз шаҳри Душанбе ба “Озодагон” тамос гирифта, аз пулситонии ба қавли онҳо бемавриди масъулини “Тоҷиккино” шикоят карданд. Ин афрод хоҳиш намуданд, исмҳояшон бурда нашавад, зеро барояшон мушкил пеш меорад. Яке аз онҳо гуфт, “чанд рӯз пеш масъулини ин ниҳод аз мо барои бақайдгирӣ 150 сомонӣ талаб карданд. Агар пул надиҳем, бо ҳар баҳона ғам медиҳанд. Ҳатто метарсонанд, ки фиттаҳои мо ғайриқонунӣ буда, дар ҳолати насупоридани маблағ корҳои моро ба Прокуратура равон мекунанд ва доғи судӣ мегирем”.
Як фиттафурӯши дигар гуфт, нархи дарёфти иҷозатнома (литсензия)-ро аз 600 сомонӣ ба 5 ҳазор сомонӣ бардоштаанд: “Мо тавони пардохти ин маблағи калонро надорем”.
Ба қавли нафари дигар, ки мегӯяд, соҳиби студия буда, ба тарҷумаи филмҳо машғул аст, “Тоҷиккино” дар самти нусхабардории ғайриқонунии филмҳо назорат намебарад, ки сабаби хисорот дидани онҳо мешавад: “Ман як филмро аз забони туркӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам ва аз ин филм якчанд фиттаро фурӯхтам. Онро ғақриқонунӣ нусхабардорӣ карда, ба фурӯш гузоштанд. Аз сабаби назорат набудан, ки ин фитта аслӣ аст ё на, ман хисороти зиёд ҳам дидам, чунки ҳангоми тарҷумаи як филм аз як забон ба забони дигар ба тарҷумон ва овоздиҳандагон маблағ додан лозим аст”.
Аммо дар “Тоҷиккино” ин иддаоро рад карданд. Тоҷиддин Ғаниев, ҳуқуқшиноси ин ниҳод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нозирони “Тоҷиккино” ҳамарӯза нуқтаҳои фиттафурӯширо аз назар мегузаронанд. Ӯ аз шикояткунандаҳо “мансабталаб” ном бурда гуфт, “бо ин амалашон мехоҳанд дар “Тоҷиккино” вазифа бигиранд”. Ӯ афзуд, “агар онҳо ҳам ба кор биёянд, кори “Тоҷиккино” боз ҳамин хел давом мекунад”.
Оқои Ғаниев иқрор кард, ки “Тоҷиккино” ба мутахассисони соҳавӣ эҳтиёҷ дорад ва он аз “Узбеккино” ва дигар ниҳодҳои масъули кишварҳои ҳамсоя хеле ақиб мондааст: “Мутахассисони мо рафта, дар давлатҳои бегона кор мекунанд”.
Вай афзуд, пеши роҳи нусхабардории ғайриқонуниро гирифтан кори осон нест: "Агар дар “Тоҷиккино” даҳ роҳбари дигар таъин шавад ҳам, ин мушкил боқӣ мемонад, зеро ин як роҳи даромади муфт барои як гуруҳ мебошад ва пеши роҳи онҳоро гирифтан мушкил аст. Аммо ба қадри имкон “Тоҷиккино” дар ин масъала кор карда истодааст, аз ҷумла нозирони мо бо як маоши кам рӯз то бегоҳ аз пайи назорати фиттаҳо ҳастанд. Мақсади ягонаи “Тоҷиккино” ин паҳн нашудани маводҳои зидди давлатӣ, яъне таблиғоти террористиву экстримистӣ ва порнографӣ аст”.
Ҳуқуқшиноси “Тоҷиккино” мегӯяд, дар пайи санҷишҳои муштараки онҳо бо мақомотҳои дахлдор дар нуҳ моҳи соли равон 191 ҳазор фиттаҳо аз муомилот бароварда шуд: “Дар ин рейдҳо намояндагони Прокуратура, КДАМ, ВКД ва Бозрасии назорат дар соҳаи телевизион ва радио иштирок мекунанд. Ин овозаву дарвозаҳо нисбати корхонаи мо асоси воқеӣ надоранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |