Ҳимояти парлумон аз масдудсозии алоқаю интернет: Зуҳуров ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол овард
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро тасдиқ кард, ки тибқи он дар ҳолатҳои зарурӣ мақомоти тоҷик метавонанд дастрасӣ ба алоқаю интернет на танҳо дар минтақаҳои алоҳида, балки дар тамоми қаламрави Тоҷикистонро масдуд кунанд.
Хайрулло Суфиев, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тағйироти мазкур имкон медиҳанд, ки зимни гузарондани амалиёти террористӣ фазои иттилоотӣ халалдор нагардад. Тибқи тағйирот ба моддаи 20-и қонуни феълӣ “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, қисми 3 илова карда мешавад, ки бар асоси он бо дархости субъекти асосии бевосита ба зидди терроризм муборизабаранда дар минтақаи амалиёти зидди террористӣ, инчунин дар тамоми қаламрави кишвар ва ё минтақаҳои гуногуни он хизматрасонӣ тавассути шабакаҳои алоқаи барқӣ ва истифодабарии воситаҳои вобаста ба он метавонанд, муваққатан боздошта шавад”.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон низ аз ин тағйирот ҳимоят карда, афзуд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои таъмини амният алоқа бояд зери назорат бошад. Ӯ талоши Абдуҳалим Назарзода, собиқ ноиби вазири мудофиа барои табаддулоти давлатиро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо Ҳоҷӣ Ҳалимро мисол оварда, афзуд, ки дар чунин ҳолатҳо гурезондани ҷинояткорон имкон дорад ва ин тағйирот бисёр муҳим аст.
Тибқи тағйироти нав мақомоти қудратӣ, аз ҷумла Кумитаи амнияти миллӣ ҳақ доранд, ки дар минтақаи амалиёт алайҳи террористон дастрасӣ ба алоқаи электронӣ, аз ҷумла алоқаи мобилӣ, интернет ва ғайраро маҳдуд кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |