Ҳушдори Раҳимзода аз бозгашти ҷангиёни Сурия ба Ватан: Рӯйхатро ба Русия медиҳем (АКС)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи амалиёти Русия алайҳи ифротгароён дар Сурия қисме аз ҷангиён ба Ватан бармегарданд, то тахрибкорияшонро идома диҳанд.
Раҳимзода имрӯз, 24 ноябр дар ҳошияи мушовараи мақомоти умури дохилии Тоҷикистону Русия ҳушдор додааст, ки бозгаштаҳо аз Сурия террористҳои эҳтимолиянд. Ӯ афзудааст, ки ба зудӣ феҳрасти ҷангҷӯёни тоҷикистонии дар кофтукоббударо ба Русия ироа хоҳад кард, то аз вуруди онҳо ба қаламрави ин кишвар ҷилавгирӣ шавад: “Бозгаштаҳо аз Сурия барои кишвари иқоматашон хатар эҷод мекунанд ва бояд мақомоти умури дохилӣ ҳамкориро дар ин самт густариш диҳанд”.
Владимир Колоколтсев, вазири умури дохилии Русия низ таъкид намудааст, ки бояд аз вуруди террористҳо дар либоси гурезаҳо ба кишварҳои пасошӯравӣ ҷилавгирӣ шавад.
Дар баробари ин зимни мушовараи мақомоти дохилии Тоҷикистону Русия ҳамкориҳо дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, боздошту истирдоди муттаҳамҳо, омодасозии кадрҳо ва ғайра баррасӣ гардидаанд.
Ҳушдори Раҳимзода аз хатари бозгашти ҷангиён аз Сурия дар ҳолест, ки тибқи омори ҷаддиди мақомоти тоҷик ба ҷангҳои Сурия беш аз 700 тоҷикистонӣ ҷалб шудаанд, ки то ҳол ҳудуди 300 нафарашон кушта шудаанд. 

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |