ВИДЕО: Боздошти халабони СУ-24-и сарнагуншудаи Русия дар Сурия
Яке аз ду халабони ҳавопаймои СУ-24-и сарнагуншудаи Русия дар 5 километрии сарҳади Туркия дар қаламрави Сурия боздошт шудааст.
Дар ин бора хабаргузории “Reuters” хабар дода, афзудааст, ки халабонро гуруҳҳои тарафдори Туркия дар Сурия, ки алайҳи ҳукумати Башор Асад меҷанганд, боздошт кардаанд ва кофтукоби халабони дуюм идома дорад.
Қаблан мақомоти низомии Туркия гуфтанд, ҳавопаймои ҷангандаи Русия дар пайи ворид шудани ба ҳарими ҳавоии ин кишвар ба василаи ҷангандаҳои F-16 сарнагун шуд. Ба гуфтаи ҷониби Туркия дар панҷ дақиқа даҳ бор ба ҳавопаймои Русия ҳушдор додаанд, аммо халабонҳои рус онро сарфи назар кардаанд.
Вазорати дифои Русия убури ҳарими ҳавоии Туркия рад карда, мегӯяд, ки ҳавопаймои сарнагуншуда аз замин мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар дастур додааст, ки бо НАТО, СММ ва кишварҳои дигар тамос бигирад ва машварат кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |