Сардорони ШКД-и Кӯлоб ва 4 ноҳияи дигар иваз шуданд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз иваз шудани сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобу навоҳии Рӯдакӣ, Восеъ, Рушон ва Исмоили Сомонӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод полковник Давлатзода Абдусамад Ҳаким, сардори ШКД-и №2 дар ноҳияи Рӯдакӣ, полковник Мирализода Субҳон Хоҷа, сардори ШКД дар шаҳри Кӯлоб, подполковник Назарзода Икромҷон Ҳурматулло, сардори ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, подполковник Раҷабзода Рустам Сафаралӣ, сардори ШКД-и Восеъ ва майор Қурбонов Насимҷон Носирҷонович, сардори ШКД-и ноҳияи Рушон таъин гардиданд.
Манобеи “Озодагон” далели иваз шудани сардорони ин шуъбаҳоро ба камбудиҳо дар маҳалли фаъолияташон рабт доданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |