Баҳси ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим ва таъкиди Президент ба риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 23 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амният гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишварро дар мавриди омилҳои қасди табаддулоти давлатӣ кардани Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа шунидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни ҷаласа ҳисоботи Прокурори генералӣ оид ба сабаб ва омилҳои ба кӯшиши табаддулоти давлатии оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мусоидаткарда, инчунин вазъи мубориза бо терроризму экстремизм ва тадбирҳои минбаъда дар самти таҳкими амнияти давлату ҷомеа ва тақвияти суботу оромӣ дар кишвар баррасӣ гардид.
Манбаъ мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро дар самти таъмини амният мавриди баррасӣ қарор дода, дар мавриди амалиёт алайҳи гуруҳи террористии Абдуҳалим Назарзода, собиқ муовини вазири мудофиа, ки аз 4 то 16 сентябр идома дошт, ибрози назар кард: “Эмомалӣ Раҳмон дар оғози ҷаласа доир ба фаъолияти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти давлат ва мардуми Тоҷикистон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин масъалаи амалиёти зиддитеррористии рӯзҳои 4 - 16 сентябри соли ҷорӣ суратгирифта доир ба несту нобуд кардани гурӯҳи террористӣ, ки ҳадафи ноором сохтани суботу оромии мардум ва халалдор сохтани амнияти мамлакатро дошт, ибрози назар намуда, мавҷудияти як силсила камбудиву норасоиҳоро дар самтҳои зикршуда таъкид кард”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, барои ба таври ҷиддӣ баланд бардоштани сатҳи малакаву таҷриба ва касбияти ҳайати шахсӣ, омодабошии ҷангӣ, ҳушёрии касбӣ, зиракии сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ, риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ дар сафи сохтору мақомот чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешида шаванд: “Дар ҷаласаи Шӯрои амният роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифадор карда шуданд, ки камбудиҳои дар фаъолияти худ ҷойдоштаро дар муҳлати кутоҳтарин бартараф карда, бо дарназардошти вазъи мураккаб ва босуръат тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва авзои ноороми минтақа барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти давлат ва сокинони мамлакат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандони кишвар чораҳо андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам гузориш пешниҳод намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |