Сафорат: Аз номи мо дар Маскав ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мефурӯшанд
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вақтҳои охир шахс ё гуруҳҳои ҷиноятпеша аз номи Хадамоти консулгарии сафорат ба ивази маблағи муайян барои шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои қалбакиро таҳия мекунанд.
Сафорати Тоҷикистон, имрӯз, 23 ноябр бо пахши як иттилоия шаҳрвандони кишварро ба эҳтиёткорӣ даъват намуда, таъкид намудааст, ки афроди ҷиноятпеша аз ҷумла “Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан”, санади тарҷумаи шиноснома, шиносномаи дохилии шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳатто шиносномаи хориҷии биометрии қалбакиро дар қаламрави Маскав таҳия карда, фурӯхта истодаанд.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки ин амали ҷинояткорон бар асоси моддаи 327-и Кодекси ҷиноии Русия ҷавобгарӣ дорад ва бо дархости сафорат феълан мақомоти Русия ба таҳқиқи ин ҳодисаҳо шуруъ кардаанд. Сафорат аз шаҳрвандоне, ки дар мавриди таҳиягарони асноди қалбакии Тоҷикистон иттилоъ доранд, даъват намудааст, ки тариқи рақамҳои 8 (495) 690-38-46, 8 (495) 690-41-86 ба намояндагии Тоҷикистон хабар диҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |