Бахшҳо

Сафорат: Фироркардаҳо аз боздоштгоҳ тоҷик не, шаҳрванди Узбакистон будаанд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, се нафаре, ки шаби 22 ба 23 ноябр аз боздоштгоҳи Нижний Новгород фирор кардаанд, на тоҷикон балки шаҳрвандони Узбакистон будаанд.

Қаблан расонаҳои Русия бо такя ба раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Нижегороди Русия аз фирори се шаҳрванди Тоҷикистон аз боздоштгоҳи муваққатӣ хабар дода буданд. Аммо намояндагии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, муайян намудааст, ки онҳо шаҳрвандони Узбакистон мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳои Русия се муҳоҷир, ки барои ҳузури ғайриқонунӣ бояд ба Ватан истирдод мешуданд, девори боздоштгоҳро шикоф карда, шаби 22 ба 23 ноябр фирор намудаанд: “Боздоштшудагон дар девор як қисматеро пайдо кардаанд, ки хишт надоштааст ва бо оҳани рахти хобашон онро шикоф кардаанд. Сипас ба воситаи латтапораҳои ҷойи хобашон аз ошёнаи дуюм фуромада, фирор намудаанд. Инчунин дар ҳуҷра бо фирориён се нафари дигар низ будаанд, ки аз фирор худдорӣ кардаанд”.

Глеб Шалимов, раҳбари боздоштгоҳ сабаби асосии фирор ва аз чашми масъулин дур мондани деворшикофкуниро ба он рабт додааст, ки маҳбусон латтаи ҷои хобашонро чун парда истифода бурдаанд: “Онҳо мусалмонанд ва ҷои хобашонро пардабандӣ мекарданд, бинобар ин касе саривақт чизеро надид”.

Расонаҳои Русия дар ин қазия муҳофизро муттаҳам мекунанд, ки хоб карда, санҷиши ҳарсоатиро сарфи назар намудааст: “Феълан амалиёт барои боздошти фирориён идома дорад”. Мақомоти Русия мегӯянд, Самариддин Рустамов, ки ташаббускори фирор арзёбӣ мешавад, якумрӣ аз қаламрави Русия хориҷ хоҳад шуд.


Сафорат: Фироркардаҳо аз боздоштгоҳ тоҷик не, шаҳрванди Узбакистон будаанд
Мӯҳр
виркан
хамин хабарро чанде пеш тамоми шабакахои радиову телевизиони рус бо нафрату дили бехузур точик муаррифи карданд, лекин маълум шуд, ки узбак будаанд, точики бечораву гариб вокеан "козёл опущений" шудаги, дар хукумати ЧТ нест, раису вазиру вакилу сафири миллатдусту русидон, ки мисли дигар миллатхо аз иззату имичи Точикистон дифоъ карда тавонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)